Ноҳияи Дарвоз нақшаи даъвати тирамоҳии навҷавонон ба сафи қувваҳои мусаллаҳро иҷро кард
ХОРУҒ, 4.10.2017 /АМИТ «Ховар»/. Дар назди бинои комиссариати ҳарбии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бо ширкати намояндагони мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатии вилоят, Раёсати ҷавонон ва варзиш, собиқадорони меҳнат ва волидон маросими гусели даъватшудагон ба хизмати Ватан баргузор гардид. Муовини сардори комиссариати ҳарбии вилоят Шоҳзода Шоқосимов дар суҳбат ба хабарнигори АМИТ «Ховар» гуфт, ки ҷавонони ноҳияи Дарвоз ҳамасола дар ин маъракаи барои кишвар муҳим фаъоланд.
Онҳо имсол низ пешсафиро аз даст надода, дар рӯзи аввали даъвати тирамоҳӣ сад фоиз дар назди комиссариати ҳарбии вилоят довталабона ҳозир шуданд. Қабл аз гусел вазъи саломатии онҳоро табибон хеле дақиқкорона мавриди санҷиш қарор доданд. Ташхис нишон дод, ки ҳамаи даъватшудагон рӯҳу ҷисми солим доранд ва барои хизмати низомӣ омода мебошанд.
Як тан аз даъватшудагон, ки худро Азим Ҷорубов муаррифӣ кард, изҳор дошт, ки соли равон Донишкадаи фарҳанг ва санъати ба номи Мирзо Турсунзодаро хатм кардааст ва ҳоло ихтиёран ба хизмати ҳарбӣ меравад. “Барои ман хизмат ба Ватан шараф ва ҳам қарзи фарзандӣ аст. Ман қарор додам, ки танҳо баъди хизмати аскарӣ ба касби дӯстдоштаам машғул шавам”,-иброз дошт ӯ.
Гусели навҷавонон ба хизмат дар ноҳияҳои Шуғнону Рӯшон, Ванҷу Ишкошим, Роштқалъаву Мурғоб ва шаҳри Хоруғ ҷараён дорад.








Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад






