Ноҳияи Варзоб барои гузаронидани тирамоҳу зимистон омода аст

Октябрь 26, 2017 15:25

ВАРЗОБ, 26.10.2017 /АМИТ «Ховар»/. Оид ба иҷроиши Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон   «Дар бораи сари вақт омода    намудани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти ҷумҳурӣ барои  фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2017-2018» Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Варзоб то имрӯз аз ҳисоби  буҷаи маҳал барои таъмин намудан бо маводи сӯзишворӣ дар муассисаҳои соҳаҳои буҷавӣ бо маблағи 325 547 сомонӣ  500 тонна ангишт, 955 метри кубӣ ҳезум, 2950 литр сӯзишвории дизелӣ ва 337 метри квадратӣ шишабандиро  иҷро ва захира  намудааст.

Дар ин бора аз шуъбаи иқтисодии ноҳия ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд.
Ба иттилои манбаъ, то ин давра дар муассисаҳои таълимии ноҳия шумораи генераторҳо 21 адад, гармкунаки барқӣ 81 адад,  печкаҳои аловӣ 620 адад ва муассисаҳое, ки бо хати озоди барқ таъмин мебошанд, 4 ададро ташкил медиҳанд. Дар соҳаи тандурустӣ печкаҳои барқӣ 70 адад, печкаҳои аловӣ 41 адад, рӯйпӯши гарм 65 адад, маҷмӯи рахти хоб 65 адад, генераторҳои барқдиҳанда 14 адад мебошад ва  таъминоти маводи сӯзишворӣ ва хӯрока пурра иҷро гардидааст.
Барои  таъмин намудани аҳолӣ ва иншооти таъйиноташон гуногун бо барқ ва таъмини нақшаи ҷамъоварии маблағи неруи барқ корҳои амалӣ  ва фаҳмондадиҳӣ роҳандозӣ гардидаанд. Шабакаҳои барқи ноҳияи Варзоб ба 9780 муштарӣ хизмат мерасонад, ки аз ин ҳисоб 9339 нафарашон муштариёни маишӣ, 97 адад корхонаҳо ва 317 нафар сохторҳои тиҷоратӣ мебошанд.

«Трансформаторҳо ва хатҳои интиқоли барқ бо симчӯбҳо аз таъмири асосӣ бароварда шуда, барои зимистонгузаронии солҳои 2017-2018 пурра омода мебошанд.
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди ноҳия барои бехатарии роҳҳои ҷумҳуриявию ноҳиявӣ ва маҳаллии ҳудуди ноҳия дар фасли зимистон  2000 литр сӯзишворӣ, 5 тонна ангишт, 5 метри кубӣ ҳезум, 700 метри кубӣ қум, 60 тонна намак ва барои 15 нафар кормандони муассиса сарулибоси мавсимӣ захира намудаанд»,-иброз намуданд масъулин.

 

Октябрь 26, 2017 15:25

Хабарҳои дигари ин бахш

ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад