ОБУ ҲАВО: имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кишвар борон меборад
ДУШАНБЕ, 14.10.2017. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар қаламрави мамлакат ҳаво тағйирёбандаи абрнок гашта, дар баъзе минтақаҳо боридани борон дар назар дошта шудааст. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон хабар доданд.
Дар вилояти Хатлон обуҳавошиносони кишвар ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ менамоянд. Дар водиҳо ҳарорат баланд гардида, рӯзона ба 27-32 дараҷа мерасад. Дар ин минтақа шамол аз самти шарқ дар як сония 3-8 метр мевазад.
Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои тағйирёбандаи ноустувор пешбинӣ мегардад. Дар ғарби вилоят ҳарорат рӯзона 20-25 ва дар шарқи ҳамин вилоят 6-11 дараҷаро ташкил хоҳад дод.
Обуҳавошиносон дар вилояти Суғд ҳавои тағйирёбанда ва дар баъзе ноҳияҳо боридани боронро пешгӯӣ менамоянд. Дар ноҳияҳои вилоят вазиши сахти шамол ба амал омада, суръати он аз самти шарқ ба 10-15 метр дар як сония мерасад. Ҳарорати ҳаво дар водиҳо шабона 7-12 ва рӯзона 22-27 дараҷаро ташкил медиҳад.
Дар ноҳияҳои тобеи марказ ҳаво абрӣ гашта, боридани боронҳои кӯтоҳмуддат дар назар аст. Ҳарорат дар водиҳо шабона ба 5-10 ва рӯзона ба 27-32 дараҷа мерасад.
Обуҳавошиносон дар шаҳри Душанбе ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ менамоянд. Шамол аз самти шарқ 2-7 метр дар як сония вазида, ҳарорати ҳаво шабона 6-8 ва рӯзона 29-31 дараҷа гарм мешавад.








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






