ОБУ ҲАВО: имрӯз дар кишвар ҳавои тағйирёбандаи номусоид дар назар аст

Октябрь 25, 2017 08:43

ДУШАНБЕ, 25.10.2017 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар кишвар ҳаво тағйирёбандаи абрнок шуда, дар баъзе  минтақаҳо ҳарорати ноустувор пешбинӣ мешавад. Дар баъзе ноҳияҳо чангу ғубор ба амал меояд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон хабар доданд.

Имрӯз, 25 октябр тибқи маълумоти обуҳавошиносони кишвар, дар вилояти Хатлон ҳавои абрноки бебориш пешбинӣ шуда, шамол аз самти шарқ 3-8 метр дар як сония вазида, ба амал омадани чангу ғубор дар назар аст. Ҳарорат дар водиҳо рӯзона ба 22-27 дараҷа мерасад. Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои тағйирёбандаи ноустувор пешбинӣ мегардад. Ҳарорат дар ғарби вилоят рӯзона 18-23 ва дар шарқи он  7-12 дараҷаро ташкил хоҳад дод.

Обуҳавошиносон дар вилояти Суғд ҳавои тағйирёбандаи абрнок пешгӯӣ менамоянд. Вазиши шамол аз самти шарқ ба 3-8 метр ва дар баъзе ноҳияҳо то 10-15 м  дар як сония мевазад.  Ҳарорати ҳаво дар водиҳо шабона 5-10 ва рӯзона 18-23 дараҷаро ташкил медиҳад.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳаво абрнок гашта, дар баъзе ҷойҳо чангу ғубор ба амал меояд. Шамол аз самти шарқ 3-8 метр дар як сония вазида, ҳарорат дар водиҳо шабона ба 2-7 ва рӯзона ба 22-27 дараҷа мерасад.

Обуҳавошиносон дар шаҳри Душанбе ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ менамоянд. Шамол аз самти ғарб 2-7 метр дар як сония вазида, ҳаво шабона 3-5  ва рӯзона 24-26 дараҷа гарм мешавад.

 

Октябрь 25, 2017 08:43

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад