ОБУ ҲАВО: рӯзҳои истироҳатӣ дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи ноустувор дар назар аст

Октябрь 7, 2017 09:54

ДУШАНБЕ, 07.10.2017 /АМИТ «Ховар»/. Рӯзҳои истироҳатӣ дар  Тоҷикистон ҳавои ноустувори тағйирёбанда ва боридани боронҳои кӯтоҳмуддат пешбинӣ шуда, дар бештари минтақаҳо дар баландиҳои 3000 метр боридани барф ва пастшавии ҳарорати ҳаво дар назар аст. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон хабар доданд.

Дар вилояти Хатлон обуҳавошиносони кишвар пастшавии ҳароратро пешгӯӣ менамоянд. Ҳаво тағйирёбанда шуда, дар баъзе ноҳияҳо чангу ғубор ба амал меояд. Дар водиҳо ҳарорат рӯзона ба 21-26 дараҷа расида, шамол аз самти ғарб 3-8 метр дар як сония мевазад.

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои абрӣ ва боронӣ пешгӯӣ шуда, шабона дар баландиҳои 3000 м барф меборад. Дар ғарби вилоят ҳарорат рӯзона 18-23 ва дар шарқи ҳамин вилоят ҳарорат паст шуда, 7-12 дараҷаро ташкил хоҳад дод.

Обуҳавошиносон дар вилояти Суғд пастшавии ҳарорат ва ҳавои ноустуворро пешгӯӣ менамоянд. Ҳаво дар ноҳияҳои вилоят тағйирёбандаи абрӣ гашта, боридани борони кӯтоҳмуддат дар назар аст. Дар баландиҳои 3000 м боридани барф пешгӯӣ мешавад. Вазиши шамол аз самти шимолу ғарб ба 4-9 метр дар як сония расида, дар водиҳо ҳарорат ба 11-16 дараҷа мерасад.

Дар ноҳияҳои тобеи марказ ҳаво тағйирёбандаи ноустувор шуда, дар баъзе ноҳияҳо боридани борони кӯтоҳмуддат пешбинӣ шудааст. Дар баландиҳои 3000 м боридани барф, дар водиҳо пастшавии ҳарорати рӯзона ба назар расида, ба 16-21 дараҷа мерасад.

Обуҳавошиносон дар шаҳри Душанбе ҳавои абрӣ ва беборишро пешгӯӣ менамоянд. Шамол аз самти ғарб 3-8 метр дар як сония вазида, ҳарорат паст мешавад. Шабона 6-8  ва рӯзона 22-24 дараҷа гарм мешавад.

Октябрь 7, 2017 09:54

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Эъломияи Душанбе оид ба инноватсия ва технологияҳои рақамӣ қабул гардид
Ҷаласаи якуми иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
«ТОҶИКИСТОНИ РАҚАМӢ». Душанбе зимни баргузории Форуми байналмилалии TAJ-TECH 2026 ба майдони бузурги муаррифии дастовардҳои IT табдил ёфт
Дар Тоҷикистон сохтмони хонаҳои истиқоматӣ вусъат ёфтааст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 28 дараҷа гарм мешавад
Муассисаҳои буҷетии ноҳияи Тоҷикобод бо ангишти кони Камароб пурра таъмин карда шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад
Сафири Тоҷикистон дар Амрико дар Форуми сатҳи баланд иштирок намуд