Олимони ҷавони ИДМ дар Душанбе вазъи гуногунии табииро баррасӣ карданд
ДУШАНБЕ, 02.10.2017 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ибтикори Шӯрои олимони ҷавони Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки олимони ҷавон аз муассисаҳои илмӣ-таълимии мамлакат ва меҳмонон аз кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил семинари байналмилалии «Гуногунии табиӣ дар пойгоҳи кӯҳӣ -ботаникии Кондара» баргузор намуданд.
Семинарро президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон академик Фарҳод Раҳимӣ оғоз карда, нақши ҷавононро дар рушди илми муосир муҳим арзёбӣ намуд.
Дар семинар донишмандони тоҷик ва олимони ҷавон аз кишварҳои Арманистон, Беларус, Россия, Озарбойҷон, Қирғизистон, Молдова оид ба масъалаҳои гуногунии табиат, паҳлӯҳои мухталифи вазъи гуногунии табиии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҷаҳон ибрози назар намуданд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






