«Ҷовидон бод ҷавонӣ ва ҷавонон»- маҳфили адибони ҷавони навқаламу эҷодкор
ДУШАНБЕ, 12.10.2017 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар доираи нақшаи чорабиниҳои Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон бахшида ба Соли ҷавонон дар Хонаи адибони ба номи М. Турсунзода бо иштироки адибону шоирони маъруфу шинохта ва навқаламу эҷодкор маҳфили навбатии адибони ҷавони навқаламу эҷодкор таҳти унвони «Ҷовидон бод ҷавонӣ ва ҷавонон» доир гардид.
Тавре аз Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш хабар доданд, дар ҷамъомад муовини раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилноза Аҳмадзода, муовини раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Ато Мирхоҷа, шоирону нависандагони маъруфи кишвар, адибони ҷавон, гирандагони стипендияи президентӣ, ҷавонони навқалам ва муҳассилини болаёқати муассисаҳои таълимии пойтахт иштирок доштанд.
Муовини раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш Дилноза Аҳмадзода ҳозиринро бо Соли ҷавонон ва ҷашни аҷдодиву миллиамон- Меҳргон табрик гуфт.
Сипас аз ҷониби адибони ҷавон ва мутрибону сарояндагон дастагули шеъру таронаҳои дилангез пешкаши ҳозирин гардид.










Сафири Тоҷикистон дар Амрико дар Форуми сатҳи баланд иштирок намуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйрёбандаи бебориш пешгӯӣ мегардад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад






