Пагоҳ дар Боғи Ирам ҷашни Меҳргон пуршукӯҳ таҷлил мегардад
ДУШАНБЕ, 14.10.2017. /АМИТ «Ховар»/. Пагоҳ, 15 октябри соли равон дар Боғи Ирами шаҳри Душанбе ҷашни Меҳргон- иди ҳосил, фаровонӣ ва ваҳдат бо шукӯҳу шаҳомати хосса таҷлил мегардад.
Тавре аз маркази матбуоти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, дар ин рўз баргузории барномаҳои фарҳангию театрӣ, намоиши маҳсулоти кишоварзӣ, намоиши ҳунарҳои мардумӣ ва сайругашти оммавӣ дар назар аст. Зеро Меҳргон ҷашнест, ки покизагию фаровонҳосилӣ, ризқу рўзии мардум, хони пурнозу неъмат, қаноатмандию нишотро бо худ ҳамроҳ меоварад ва таҷлили пуршукўҳи он башорати рӯзгори босаодат аст.
Барномаҳои ҷашнӣ дар Боғи Ирам соати 09:00 оғоз меёбанд.
Инчунин соати 10:00 дар қисмати шарқии Боғи Ирам барномаи консертии шавқовар манзури сокинон ва меҳмонони шаҳри Душанбе гардонида мешавад. Дар барнома намоиши бозёфтҳои эҷодии Ансамбли фолклории «Ганҷина»-и Филармонияи давлатии Тоҷикистон ба номи А. Ҷўраев, Ансамбли давлатии хизматнишондодаи рақсии «Лола» ба номи Ғаффор Валаматзода, Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи М.Турсунзода, Ансамбли давлатии «Шашмақом»-и ба номи Ф. Шаҳобов, Ансамбли эстрадии «Ориё», Ансамбли «Сомон», инчунин ҳунарнамоии Сироҷиддин Фозилов, Қурбоналӣ Раҳмон, Чоршанбе Аловатов, Саодат Собирова, Борбади Бадалиён ва дигарон дар назар аст.








Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад






