“ПЕШВОИ МИЛЛАТ — ҲОМӢ ВА РАҲНАМОИ ҶАВОНОН!” Дар шаҳри Кӯлоб Ҳамоиши ҳизбӣ доир гардид
ДУШАНБЕ, 28.10.2017 /АМИТ «Ховар»/. Бо мақсади таҳкими ватандорӣ, худшиносию худогоҳӣ, ҷалби ҷавонон ба корҳои созандагию бунёдкорӣ ва пешгирии гароиши онҳо ба ҳизбу ҳаракатҳои ғайриқонунӣ, ҷилавгирии насли ҷавон аз амалҳои террористию экстремистӣ ва пеш бурдани сиёсати имрӯзаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар байни ҷавонон ТҶҶ «Созандагони Ватан» дар шаҳри Кӯлоб бахшида ба Соли ҷавонон таҳти унвони «Пешвои миллат – ҳомӣ ва раҳнамои ҷавонон!» ҳамоиши ҳизбӣ доир намуд.
Зимни баргузории ҳамоиш аъзои «Созандагони Ватан» бо ҷавонони шаҳр суҳбат намуда, онҳоро ба ватандӯстӣ, ободкорию созандагӣ ва ҳушёрию зиракӣ даъват карданд.
Зикр шуд, ки амалҳои созанда ва иқдому ташаббусҳо ба ҷавонон илҳому ғайрати тоза бахшида, рӯҳияи ватандӯстӣ ва ифтихори миллии онҳоро боз ҳам қавӣ мегардонанд.









24 НОЯБР — РӮЗИ ПАРЧАМИ ДАВЛАТӢ. Он яке аз рамзҳои асосию муқаддаси давлатдории миллӣ ба ҳисоб меравад
Аз 1 январи соли 2027 тартиби содагардонидаи гирифтани иҷозатнома барои фаъолияти таксӣ амалӣ мегардад
Дар Душанбе таҳти унвони «Парчам – роҳнамои ояндаи босаодат» ҳамоиш доир шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
АЗ ДИРАФШИ КОВИЁНӢ ТО ПАРЧАМИ ДАВЛАТӢ. Мулоҳизаҳо доир ба оини парчамдории тоҷикон дар масири таърих
Дар Ваҳдат Фестивали намоиш – фурӯши чорвои зотӣ баргузор гардид
Дар Душанбе ҳамоиши ҷавонони соҳаи геология баргузор гардид






