Раиси шаҳри Душанбе дар бораи баргузор намудани тендерҳо қарорҳо ба имзо расонид
ДУШАНБЕ, 03.10.2017 /АМИТ «Ховар»/. Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар бораи баргузор намудани тендер ду қарор ба имзо расонид.
Тавре аз Раёсати иттилоот ва робитаҳои хориҷии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, тибқи қарорҳои мазкур комиссияҳои тендерӣ таъсис дода шуда, онҳо вазифадор гардидаанд, ки дар ҳамкорӣ бо Муассисаи давлатии «Раёсати сохтмони асосӣ»-и Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ҳуҷҷатҳои лоиҳавӣ-харҷномавии иншооти «Сохтмони корпуси нав барои 640 ҷой ва ободонии ҳудуди муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №48-и ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе», ҳамчунин интихоби лоиҳакаши иншооти «Равшанидиҳии кӯчаю маҳаллаҳои шаҳри Душанбе» дар ҳамкорӣ бо фармоишгари иншооти мазкурро таҳия намуда, барои гузаронидани тендер омода намоянд.
Комиссияҳои тендерӣ ҳамчунин вазифадор гардидаанд, ки эълони баргузорӣ ва ҷамъбасти тендерҳоро бо иштироки номаҳдуди довталабон таъмин созанд.








Дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе 48 маркази касбомӯзӣ фаъолият менамояд
Имрӯз дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатии Душанбе барномаҳои рангини фарҳангӣ баргузор мешаванд
Субҳи имрӯз «Корвони наврӯзӣ» ба сокинону меҳмонони пойтахт навиди фарорасии баҳорро расонид
Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» баргузор мегардад
Наврӯз ҳамчун бренди миллӣ ва абзори «дипломатияи фарҳангӣ»: натиҷаҳо ва дурнамои Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ»
МУЖДАИ ФАРОРАСИИ БАҲОР. Онро корвони наврӯзӣ тавассути чор дарвозаи пойтахт ба сокинон мерасонад
Имрӯз иҷлосияи панҷуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум доир шуд
Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ» баргузор гардид
Тантанаҳои наврӯзӣ дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатии шаҳри Душанбе то 28 март идома меёбанд
Дар Тоҷикистон барномаҳои фарҳангии Ҷашни байналмилалии Наврӯз доир мегарданд
Имрӯз Иҷлосияи панҷуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор мегардад
Пагоҳ Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ» баргузор мешавад






