«САПЕДА» беҳтаринҳоро муайян месозад
ДУШАНБЕ, 28.10.2017 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз, 28 октябри соли равон, соати 14:00 дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи С. Айнӣ даври ниҳоии Фестивали ҷумхуриявии кӯдакон ва наврасони хунарманд- «Сапеда» («Рассомони ҷавон» ва «Навозандагони ҷавон») баргузор мегардад.
Бино ба иттилои маркази матбуоти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, фестивали мазкур дар доираи барномаҳои Соли ҷавонон бо мақсади фароҳам овардани шароити мусоид барои вусъати неруи эҷодӣ, дарёфти чеҳраҳои нав — овозхонҳо, навозандагон, раққосон, ташвиқу тарғиби ҳунару истеъдоди асил дар ҷумҳурӣ аз ҷониби Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида мешавад.
Ёдрас мешавем, ки даври аввал ва дуюми Фестивал дар минтақаҳо баргузор гардида буд. Инак ғолибони ин даврҳо дар даври ҷамъбастӣ ҳунару истеъдоди худро намоиш медиҳанд.








Муассисаҳои таълимӣ ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид






