«ШВИТСУЗЕБУМОНАНД»- ҶИНСИ ТОҶИКИИ ЧОРВОИ ШИРДЕҲИ ГӮШТӢ. Дар ноҳияи Рашт намоиш ва фурӯши чорвои зотӣ баргузор шуд
РАШТ, 31.10.2017 /АМИТ «Ховар»/. Дар маркази ноҳияи Рашт бо иштироки намояндагони Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон, кормандони шуъбаҳои кишоварзию чорводорон ва занбӯрпарварони ноҳияҳои минтақаи Рашт намоиш ва фурӯши чорвои зотии ин минтақа баргузор шуд. Дар намоишгоҳ чорвои калони шохдори зотҳои «сиёҳало», «швитсузебумонанд» ва гӯсфанди зоти ҳисорӣ ба намоиш гузошта шуданд.
Роҳбари хоҷагии деҳқонии Хисрав Алишери ноҳияи Рашт Авғон Абдуҷабборов зикр намуд, ки дар таърихи минтақа бори аввал байни чорводорони минтақа намоишу фурӯши чорвои хушзот доир гардид. Дар хоҷагии мазкур 62 сар чорвои зотии ширдеҳ ва гӯштӣ мавҷуд мебошад. Барои ривоҷу равнақи соҳаи чорводорӣ ва бордоркунии чорвои аҳолӣ аз тарафи Муассисаи хушзоткунии Вазорати кишоварзӣ ба таври ройгон ба хоҷагӣ ду сар буққаи зоти «швитсузебумонанд» дода шуд.
Фазлиддин Икромов, сардори Хадамоти назорати давлатии хушзоткунии Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон гуфт, ки чунин намоиш яке аз бахшҳои муҳими соҳаи чорводорӣ, аз ҷумла, дар самти зотпарварӣ мебошад. Масъалаи зотпарварӣ яке аз омилҳое ба шумор меравад, ки барои баланд бардоштани маҳсулнокӣ, хусусиятҳои ирсии чорвои парваришии оянда ва дар маҷмӯъ, барои ҳалли масъалаи таъмини амнияти озуқаворӣ замина мегузорад. Дар минтақаи Рашт тибқи нақшаи лоиҳабандии намуд ва зоти чорво, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз соли 2009 ба тасвиб расидааст, парвариши чорвои ширдеҳи гӯштӣ, ки зоти «швитсӣ» ном дорад ва дар заминаи он ҷинси тоҷикии «швитсузебумонанд» аз ҷониби олимону мутахассисони ватанӣ офарида шудааст, парвариш карда мешавад. Аз чорвои майда дар минтақа зоти гӯсфанди ҳисорӣ ва маҳинпашми дарвозӣ парвариш меёбанд, ки аз лиҳози биологӣ ва хусусиятҳои ирсӣ зоти мазкур ба шароити минтақаҳои баландкӯҳ ва кӯҳистон мутобиқ мебошад.
Дар интиҳо иштирокчиёни фаъоли намоиш аз ҷониби Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ифтихорномаҳо қадрдонӣ шуданд.








Сафири Тоҷикистон бо Вазири энергетика ва маъданҳои Салтанати Умон мулоқот намуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 31 дараҷа гарм мешавад
«35 СОЛИ СОЗАНДАГӢ ВА РУШДИ МИЛЛӢ». Таҳти чунин унвон ҳамоиши илмӣ-амалӣ доир шуд
БАРОИ АЛОҚА, БАРОИ ОДАМОН, БАРОИ ҶУМҲУРӢ. МегаФон Тоҷикистон дар чоряк асри фаъолият чӣ корҳоро анҷом дод?
Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо ҳамкориро дар соҳаи саноати сабук густариш медиҳанд
ИМРӮЗ — РӮЗИ АВИАТСИЯИ ГРАЖДАНӢ. Аз Тоҷикистон ба зиёда аз 20 кишвари ҷаҳон парвозҳо ба роҳ монда шудааст
ГРАНТИ ПРЕЗИДЕНТӢ. Давоми солҳои соҳибистиқлолӣ ба 1395 нафар занон беш аз 45 миллион сомонӣ грант ҷудо гардид
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ. Дар ин давра Тоҷикистон ба дастовардҳои рушди устувор ноил гардид






