«СОМОН-ЭЙР» ХАТСАЙРИ НАВИ «КӮЛОБ-МОСКВА»-РО БОЗ НАМУД! Нахустин мусофири хатсайри нав соҳиби сертификати парвози ройгон гардид
ДУШАНБЕ, 31.10.2017 /АМИТ «Ховар»/. Нахустин мусофири хатсайри Хуҷанд-Москва-Кӯлоб-Москва-Хуҷанди Ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» Самариддин Аҳмадов, ки сокини шаҳри Қӯрғонтеппа мебошад, соҳиби сертификати парвози ройгони якдафъаина дар хатсайри «Кӯлоб-Москва» гардид.
Хабарнигори АМИТ «Ховар», ки дар қатори нахустин мусофирони хатсайри нав қарор дошт, иттилоъ дод, ки ин парвоз 30-31 октябри соли равон бори аввал аз ҷониби ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» тариқи ҳавопаймои Боинг -737 дар самти Хуҷанд-Москва-Кӯлоб-Москва-Хуҷанд амалӣ гардид.
Нахуст ҳавопаймо аз Хуҷанд парвоз карда, дар Фурудгоҳи байналмилалии Внуковои шаҳри Москва фуруд омад. Сипас, дар терминали «А» бо иштироки роҳбарияти ширкати ҳавопаймоӣ ва фурудгоҳ, намояндагони ВАО ва мусофирон маросими ифтитоҳи хатсайри нав баргузор гардид.
Мудири бахши ҳуқуқи ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» Акбар Муродов зимни суҳбат иброз намуд, ки ифтитоҳи хатсайри мазкур ба сокинони Тоҷикистон ва Россия имкон медиҳад, ки рафту омади худро дар ду самт осонтар кунанд. Бо кушода шудани хайтсайри нав муносибатҳои мардумони ду кишвар боз ҳам наздиктар мешаванд.
Бояд зикр намуд, ки ҳавопаймоҳои «Сомон Эйр» аз самти Кӯлоб ба Фурудгоҳи Внуковои Москва ҳафтае 3 маротиба рӯзҳои сешанбе, панҷшанбе ва шанбе парвоз хоҳанд кард. Вақти парвоз аз Фурудгоҳи шаҳри Кӯлоб соати 17:00 ба вақти маҳаллӣ муқаррар шуда, парвозҳо дар ин хатсайр тавассути ҳавопаймоҳои Боинг 737 амалӣ мегарданд.
Ёдовар мешавем, ки баъди дохил шудан ба узвияти Ассотсиатсияи байналмилалии нақлиёти ҳавоӣ (ИАТА) Ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» майдони парвозҳояшро фарох мекунад. Васеъ гардидани хатсайри парвозҳои ин ширкат барои рафтуомади сокинони мамлакат ба хориҷи кишвар ва ворид шудани шумораи зиёди сайёҳони хориҷӣ ба мамлакат мусоидат мекунад.








Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад






