Суҳбати телефонии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Беларус Александр Лукашенко
ДУШАНБЕ, 05.10.2017 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Беларус Александр Лукашенко суҳбати телефонӣ анҷом доданд.
Президенти Ҷумҳурии Беларус Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба муносибати зодрӯзаш самимона табрик намуда, ба ӯ таманниёти неки худро иброз дошт.
Дар рафти суҳбат Александр Лукашенко саҳми бузурги Президенти Тоҷикистонро дар истиқрори сулҳу субот ва ризоияти миллӣ дар кишвар, таъмини рушди устувори иҷтимоиву иқтисодии Тоҷикистон ва таҳкими эътибори он дар арсаи байналмилалӣ таъкид кард.
Сарони давлатҳо дар фазои дӯстона ва созанда, ки хоси муносибатҳои байни Тоҷикистону Беларус мебошанд, атрофи ҳолати кунуниву ояндаи тамоми маҷмӯи робитаҳои ду кишвар ва роҳҳои густариши минбаъдаи онҳо мубодилаи афкор анҷом доданд.
Президентҳои Тоҷикистон ва Беларус дар суҳбати телефонӣ ҳамчунин масъалаҳои алоҳидаи байналмилалӣ ва минтақавии мавриди таваҷҷуҳи тарафайнро баррасӣ намуданд.








Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар «Наврӯзгоҳ»-и пойтахт дар тантанаҳои идонаи Наврӯзи байналмилалӣ — 2026 иштирок намуданд
Барқияҳои табрикӣ ба унвонии Президенти Ҷумҳурии Тоҷкистон Эмомалӣ Раҳмон аз номи як қатор сарони давлатҳо ба муносибати Ҷашни байналмилалии Наврӯз
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори ҷашни Наврӯз
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати иди сайиди Фитр
Бо дастури Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба мардуми дӯсту бародари Ҷумҳурии Исломии Эрон кумаки башардӯстона ирсол гардид
Фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Шарҳи қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи модар






