ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: Имрӯз 14 октябр, шанбе, 287-умин рӯзи соли 2017 аст. То охири сол 78 рӯзи дигар боқӣ мондааст
Тақвими моро дар ин гӯша
шореҳ Шаҳлои САДРИДДИН варақ мезанад:
14 октябри соли 2016 дар шаҳри Еревани Ҷумҳурии Арманистон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар кори ҷаласаи Шӯрои амнияти дастаҷамъии Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ иштирок ва суханронӣ намуданд.
***
Дар ин рӯз, 14 октябри соли 2015 дар Маҷмааи давлатии «Кохи Борбад» таҳти сарпарастӣ ва бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Форуми байналмилалии соҳибкории Душанбе-2015 таҳти унвони «Саҳми соҳибкорӣ ва сармоягузорӣ дар рушди устувор» дар доираи таҷлили Рӯзи соҳибкорон баргузор гардид.
***
5 сол қабл, 14 октябри соли 2012 боздиди кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз Ҷумҳурии Озарбойҷон аз шаҳри Габала оғоз ёфт.
14 ОКТЯБР ТАҶЛИЛ КАРДА МЕШАВАД:
Дар Тоҷикистон Рӯзи соҳибкорон.
***
Рӯзи умумиҷаҳонии стандартикунонӣ.
***
Дар Беларус- рӯзи Модар.
***
Дар Россия- рӯзи кормандони мамнӯъгоҳҳо.
***
Дар Украина- рӯзи муҳофизон.
РӮЙДОДҲО:
14 октябри соли 2011 дар шаҳри Душанбе Маҷмааи варзишии Хадамоти давлатии алоқа ба истифода дода шуд.
***
93 сол қабл, 14 октябри соли 1924 Ҷумҳурии Мухтори Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон дар ҳайати Ӯзбекистон ташкил ёфт.
***
Дар ин рӯз, 14 октябри соли 2003 дар Душанбе бозиҳои V Осиёи марказӣ оғоз гардиданд, ки дар онҳо беш аз 700 нафар варзишгарон аз кишварҳои минтақа иштирок намуданд.
***
14 октябри соли 1851 дар Англия Агентии иттилоотии «Рейтер» ташкил ёфт.
***
14 октябри соли 1901 яке аз бузургтарин садамаҳои баҳрии асри ХХ ба вуқӯъ пайваст: дар ҳавои ноустувор дар Байкал киштии «Потапов» ғарқ шуд, ки дар натиҷаи он тақрибан 200 нафар ҷони худро аз даст доданд.
***
112 сол муқаддам, 14 октябри соли 1905 дар Париж Федератсияи байналмилалии аэронавтика таъсис ёфта буд.








Дар Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Модар ҳамоиш доир гардид
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Дар Душанбе масоили афзоиши истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ баррасӣ шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар ноҳияи Айнӣ қариб 3000 бех ниҳол шинонида шуд
ТАҶАЛЛИБАХШИ НИГИНИ ТОҶИ МИЛЛАТ. Андешаҳо дар мавриди арҷгузорӣ ба Зан-Модар
Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Дар Данғара ҷаласаи Комиссияи ҳудудӣ оид ба муқовимат ба савдои одамон доир гардид
Ширкати «Париматч Тоҷикистон» ва КМВА Душанбе созишномаи ҳамкориро тамдид намуданд
Ajoyib.TV: шабакаҳои телевизионӣ ва онлайн-кинотеатрҳо дар як хизматрасонӣ
ЛИБОСИ МИЛЛӢ — ОИНАИ ФАРҲАНГ ВА ҲУВИЯТИ МИЛЛАТ. Дар Душанбе либосҳои тоҷикиро тарғиб менамоянд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Бахшида ба Рӯзи Модар дар ноҳияи Рӯдакӣ ҳамоиш доир шуд






