ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: Имрӯз 28 октябр, шанбе, 301-умин рӯзи соли 2017 аст. То охири сол 64 рӯзи дигар боқӣ мондааст

Октябрь 28, 2017 10:05

Тақвими моро дар ин гӯша

шореҳ Шаҳлои САДРИДДИН варақ мезанад:

 

28 октябри соли 2010 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Вазири фавоиди оммаи Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Абдулқуддус Ҳомидиро ба ҳузур пазируфтанд.

***

28 октябри соли 2013 дар хиёбони Исмоили Сомонии шаҳри  Кӯлоб Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  Эмомалӣ Раҳмон бо гузоштани санги асос ва нома ба наслҳои оянда ба сохтмони меҳмонхонаи 16-ошёнаи 5 ситора оғоз бахшиданд.

***

Дар ин рӯз, 28 октябри соли 2011 Президенти Ҷумҳурии Беларус Александр Лукашенко бо сафари расмӣ ба Тоҷикистон ташриф овард.

 28 ОКТЯБР ТАҶЛИЛ КАРДА МЕШАВАД:

Рӯзи умумиҷаҳонии аниматсия.

***

Дар Россия рӯзи бибиҳо ва бобоён.

 РӮЙДОДҲО:

28 октябри соли 2013 дар маркази шаҳри Кӯлоб бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон беморхона ва дармонгоҳи қисми мустақили раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар вилояти Хатлон ифтитоҳ ёфт.

***

Дар ин рӯз, 28 октябри соли 2013 дар маркази ноҳияи Восеъ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон маркази тиҷорат ва хизматрасонии «Султони Кабир»-ро ифтитоҳ намуда, мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

***

28 октябри соли 1886 маросими расмии ифтитоҳи ҳайкали Озодӣ дар Ню-Йорк баргузор гардид.

***

103 сол муқаддам, 28 октябри соли 1914 ширкати «Kodak» аз оғози кор барои ташкили технологияи суратҳои ранга эълон намуд.

***

Дар ин рӯз, 28 октябри соли 1707 бар асари заминҷунбӣ дар Япония 5 ҳазор нафар ҷони худро аз даст доданд.

 ***

28 октябри соли 1997 дар назди Президенти Федератсияи Россия Комиссия оид ба мубориза бар зидди экстремизми сиёсӣ дар Россия таъсис дода шуд.

ИНЧУНИН ДАР ИН РӮЗ…

Соли 1998 хизматрасонии ҷустуҷӯйии iSearch ба фаъолият оғоз намуд.

 

 

 

Октябрь 28, 2017 10:05

Хабарҳои дигари ин бахш