Темур Раҳимов дар Чемпионати ҷаҳон оид ба дзюдо дар Хорватия соҳиби медали биринҷӣ гардид
ДУШАНБЕ, 23.10.2017 /АМИТ «Ховар»/. Паҳлавони ҷавони тоҷик Темур Раҳимов дар рӯзи охири мусобиқоти чемпионати ҷаҳон оид ба дзюдо миёни ҷавонон, ки дар шаҳри Загреби Хорватия доир гашт, дар вазни -100 кг сазовори медали биринҷӣ шуд.
Тавре аз Кумитаи миллии олимпии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, Темур дар рақобатҳо Доминик Маҷовски (Полша), Пётр Арвай (Венгрия), Такая Ямугушӣ (Япония)-ро мағлуб карда, дар даври нимфинал аз варзишгари Озарбойҷон Зелим Котсоиев шикаст хӯрд. Сипас, дар рақобат барои ҷои сеюм бар варзишгари Германия Даниел Зорн пирӯз шуд.
Ин дуюмин медали варзишгарони мо дар ин мусобиқа мебошад. Тавре хабар дода будем, медали аввалро Сомон Маҳмадбеков дар вазни -66 кг сазовор гардид.
Ёдовар мешавем, ки 8 варзишгари дигари тоҷик, ба мисли Суҳроб Боқиев (-60 кг), Муҳаммадкарим Сарахонов (-66 кг), Эраҷ Абдуллоев, Хайёмиддин Ҷабборов (-73 кг), Ҷаҳонгир Маҷидов, Раҳматуллобек Фарҳодов (-81 кг), Муртазо Аминов (-90), ва Шакармамад Мирмамадов (-100 кг) дар ин мусобиқот иштирок намуданд, вале аз медалҳо бенасиб монданд.
Бояд зикр кард, ки дар чемпионати ҷаҳон 590 варзишгар аз 83 давлати дунё иштирок карданд.
Тоҷикистон дар ҳисоби даставӣ бо 2 медали биринҷӣ ҷои 17-умро ишғол кард.
Япония, ки 14 медал – 8 тилло, 2 нуқра, 4 биринҷӣ ба даст овард, сазовори ҷои аввал шуд.
Мақоми дуюм бо 5 медал (2-2-1) насиби Озарбойҷон ва ҷои сеюм бо 5 медал (1-2-2) насиби Россия гардид.








«KING’S CUP 2026». Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар даври нимниҳоӣ бо тими миллии Умон бозӣ мекунад
Дар Душанбе таҳти унвони «Зебоӣ, доноӣ ва тавоноӣ аз варзиш аст» машқи пагоҳирӯзӣ баргузор гардид
«Истиқлол» барои роҳхат ёфтан ба плей-оффи Лигаи даъватии КФО-2026/27 бо дастаи «Ҳомс Ал-Фида»-и Сурия бозӣ мекунад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Қатар бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) дар Ҷоми ҷаҳон-2026 иштирок менамояд
Шоҳрух Назаров якумин медали нуқраи Тоҷикистонро дар таърихи Бозиҳои параосиёии тобистона соҳиб шуд
«Истиқлол» дар бозиҳои даври дуюми марҳилаи гурӯҳии Лигаи даъватии КФО-2026/27 бар ҳарифаш ғолиб омад
Дар шаҳри Хуҷанд Академияи бокс бунёд карда мешавад
Ғолибони Мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба гӯштини ҷудо барои дарёфти Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб муайян шуданд
Дастаи футболи «Хуҷанд» бори шашум барандаи Ҷоми Тоҷикистон гардид
КФО-2026/27. Имрӯз «Истиқлол» ва «Регар-ТадАЗ» бозиҳои аввали худро дар марҳилаи гурӯҳӣ анҷом медиҳанд
Дар Тоҷикистон Форуми байналмилалии ҷавонони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай баргузор шуд






