«Тоҷикон дар миёни халқу миллатҳои сершумори олам аз ҷумлаи мардумони соҳибтамаддуне мебошанд, ки забони чандинҳазорсоларо маҳфуз доштаанд» — шарҳи матбуот
ДУШАНБЕ, 05.10.2017 /АМИТ «Ховар»/. Нашрияи расмии «Ҷумҳурият» (03.10.2017,№206) ба муносибати Рӯзи забони давлатӣ дар рубрикаи «Сухани рӯз» таъкиди Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро оид ба гиромидошти забони тоҷикӣ дарҷ кардааст: «Забони тоҷикӣ дар тӯли ҳастии миллати мо нақши барҷаста бозида, арзишҳои милливу таърихии халқамон маҳз тавассути он ҳифз гардидаанд. Бинобар ин моро зарур аст, ки ба ин рукни муқаддаси миллӣ арҷ гузорем ва онро барои фарзандон бегазанд ба мерос монем». Воқеан пос доштан ва эҳтиром намудани забон вазифаи ҳар як фарди солимфикри ҷомеа мебошад, зеро забони модарӣ аз рукнҳои асосии давлатдорӣ ба шумор меравад. Агар мақоми давлатӣ гирифтани забони тоҷикӣ дар сарнавишт ва эҳёи тамаддуни таърихии миллати тоҷик саҳифаи наверо боз карда бошад, пас дар солҳои соҳибистиқлолии Тоҷикистон бо ташаббус ва дастгирии бевоситаи Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри рушду нумӯъи забони тоҷикӣ тадбирҳои қатъӣ ва ҳадафмандона амалӣ карда шуданд. Мавриди зикр аст, ки Пешвои миллат дар Паёми телевизионӣ ба муносибати Рӯзи забони давлатӣ ҳамаи сокинони мамлакатро ба «ифтихори Рӯзи забони давлатӣ, яъне забони шоиронаву шевои тоҷикӣ, ки онро султони суханварони Аҷам устод Рӯдакӣ «тараббахши рӯҳу фараҳафзои ҷон» номидааст», самимона табрик гуфта, зикр карданд, ки «Тоҷикон дар миёни халқу миллатҳои сершумори олам аз ҷумлаи мардумони соҳибтамаддуне мебошанд, ки забони чандинҳазорсоларо маҳфуз доштаанд, шеъри оламгири Рӯдакӣ, Фирдавсӣ, Носири Хусрав, Саноӣ, Ҷалолиддини Балхӣ ва садҳо шоирону адибони гузаштаро имрӯз низ озодона мефаҳманд ва дар гуфтугӯи ҳаррӯзаашон истифода мекунанд».
Нашрия оид ба ифтитоҳи бинои нави мактаб дар деҳаи Гулбуттаи ноҳияи Рӯдакӣ гузориши муфассали матбуотӣ чоп карда, матни суханронии Сарвари давлатро дар мулоқот бо фаъолону сокинони ноҳияи Рӯдакӣ таҳти сарлавҳаи «Омӯзгор ҳомии забон ва пешбарандаи маърифат аст» пешкаши хонандагон намудааст. Президенти Тоҷикистон дар мулоқоти мазкур ба нақш ва мақоми омӯзгор баҳои шоиста дода, гуфтанд: «Ҷашни забон барои аҳли маориф қадру манзалати зиёд дорад. Чунки устоду омӯзгор дар ҳамаи давру замонҳо неруи ҳифзкунандаи забон ва пешбарандаи саводу маърифат буда, сарфи назар аз ҳар гуна мушкилот, ин масъулияти пуршарафи хешро сарбаландона иҷро менамоянд».
«Ҷумҳурият» ҳамчунин мақолаҳои «Душанбе. Дар ободонии пойтахт бетараф набошем!», «Шоҳроҳ. Агар сифат хуб бошад…», «Хунинтарин фоҷеа дар Амрико» ва хабарҳои муҳими сиёсиву иқтисодиро аз кишварҳои гуногуни ҷаҳон чоп кардааст.
«Садои мардум» — нашрияи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шумораи ин субҳ нашршуда (05.10.2017, №118) оид ба ҷараёни иҷлосияи чоруми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ гузориш нашр карда, иттилоъ додааст, ки дар ҷаласаи якуми иҷлосияи мазкур 9 масъала, аз ҷумла, Созишнома оид ба ҳамкории давлатҳои СААД, ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон: «Дар бораи уҳдадории умумии ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ», «Дар бораи танзими давлатии истеҳсолу муомилоти спирти этилӣ ва машрубот», «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2017», «Дар бораи ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон» ва дигар масоил мавриди баррасӣ қарор гирифтаанд. Раиси Маҷлиси намояндагон Ш.Зуҳуров дар оғози иҷлосия изҳор кард, ки «Ҷонибдорӣ аз манфиатҳои давлат ва миллат вазифаи муқаддаси парламенти касбӣ аст». Бояд гуфт, ки вакилони Маҷлиси намояндагон дар рафти муҳокимаи масъалаҳои гузошташуда фаъолона иштирок намуданд.
Нашрияи парлумонӣ ба истиқболи 25-солагии Иҷлосияи ХVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон идомаи очерки таърихии муаллифон Ато Ҳамдам ва Леонид Чигринро бо сарлавҳаи «Ваҳдатовар» чоп кардааст. Муаллифон вазъияти сиёсии тирамоҳи соли 1996-ро ёдоварӣ карда, аз сафарҳои Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияҳои Роштқаъла, Ишкошим, Рӯшону Мурғоби ВМКБ нақл кардаанд, ки барои хонандагони нашрия, бешак, ҷолиб хоҳад буд.
Нашрияи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон «Омӯзгор» порае аз китоби Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Забони миллат – ҳастии миллат»-ро бознашр кардааст. Мақолаҳои «Пажӯҳишгари жарфназар», «Устоди математикаи шавқовар», «Роҳбари синф вазифадор аст, ки…», «Ҳамкорӣ дар таълим», «Армуғоне саршор аз меҳр», ки дар саҳифаҳои «Омӯзгор» чоп шудаанд, аз ҳаёту фаъолияти мактабҳои таҳсилоти умумӣ ва олӣ нақл карда, муаллифон оид ба беҳтар намудани сифати таълим ва тарбия, рушди соҳаи маориф масъалагузорӣ намудаанд.
Нашрияи марказии Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон «Минбари халқ» бо сарлавҳаи «Сиёсати дарҳои кушода» оид ба паҳлӯҳои гуногуни сафарҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба кишварҳои хориҷӣ мақолаи калонҳаҷм нашр кардааст. Муаллифони мақола аз сафари давлатӣ ба Ҷумҳурии Мардумии Чин, иштирок дар ҳамоиши БРИКС, мулоқотҳои судманд бо сарварони кишварҳои Чин, Россия, Миср, Бразилия, Ҳиндустон, инчунин сафар ба ИМА, иштирок ва суханрониҳои Пешвои миллат дар Иҷлосияи 72-юми СММ хотирнишон шуда, навиштаанд: «Сафарҳои судманди Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки тайи як моҳи охир ба вуқӯъ пайвастанд, бо пурмаҳсулӣ ва манфиатоварии худ далели сиёсати дарҳои кушодаи кишвари мо ва дар арсаи байналмилалӣ нуфусу эътибори бесобиқа доштани он аст. Мулоқотҳои роҳбари давлат дар чорчӯбаи ин сафарҳо бо сарони кишварҳои мутараққии ҷаҳон ва доираҳои васеи сиёсатмадорону тоҷирон, барои рушду тараққиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва боз ҳам баланд шудани обрӯи байналмлалии он ба таври назаррас мусоидат хоҳанд кард».