ЗАБОНИ ТОҶИКӢ – ЗАБОНИ ИЛМУ ТАМАДДУН. Ба истиқболи Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
ДУШАНБЕ, 03.10.2017 /АМИТ «Ховар»/. Ба ифтихори Рӯзи забони давлатӣ, ки ҳамасола дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сатҳи баланд таҷлил мегардад, 5 октябр дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон ҳамоиши илмӣ-фарҳангӣ доир мешавад. Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз созмондиҳандагони ҳамоиш мебошанд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.
Дар ҳамоиш масъалаҳои марбут ба забоншиносии муосир баррасӣ гардида, олимони забоншинос маърӯза карда, ҳамзамон дар васфи забони тоҷикӣ шеърҳо қироат карда мешаванд.
Бояд тазаккур дод, ки рушду ташаккули забони давлатӣ дар замони Истиқлолият аз омилҳои асосии пешрафти илму фарҳанги кишвар ба шумор меравад. Забони тоҷикӣ дар тӯли ҳазорсолаҳо, новобаста ба гирудорҳои таърихӣ мақому манзалати худро ҳифз намуда, дар солҳои Истиқлолияти давлатӣ маҳз бо талошҳо ва иқдомҳои наҷибонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон пайваста дар рушду такомул қарор дорад. Ҳамзамон дар ин самт бузургони илму адаб пашӯҳишҳо анҷом додаанд ва таҳқиқоти муосири забоншиносон гувоҳи он аст, ки забони тоҷикӣ воқеан яке аз забонҳои илму тамаддун маҳсуб мешавад.








Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад






