25 ноябр-Рӯзи байналмилалии мубориза бар зидди хушунат нисбат ба занон. Мақсад аз таҷлили ин рӯз ҷалб намудани таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳонӣ ба ин масъалаи муҳим мебошад
ДУШАНБЕ, 25.11.2017 /АМИТ «Ховар»/. Ассамблеяи генералии СММ бо қарори худ аз 17 –уми декабри соли 1999 25 ноябрро ҳамчун Рӯзи байналмилалии мубориза бар зидди хушунат нисбат ба занон эълон намуд. Мақсад аз таҷлили ин рӯз ҷалб намудани таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳонӣ ба ин масъалаи муҳим мебошад.
Рӯзи байналмилалии мубориза бар зидди хушунат нисбат ба занон ҳамасола дар Тоҷикистон низ таҷлил мегардад.
Бахшида ба ин рӯз Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сохторҳои тобеи он дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ барномаҳои фарҳангӣ-иттилоотиро бо иштироки занону духтарон роҳандозӣ менамояд. Дар робита ба ин мавзӯъ мудири бахши иттилоотии ин Кумита Сабоҳат Маҳмадалиева дар суҳбат бо хабарнигори АМИТ «Ховар» зикр намуд, ки оила ҷузъи умдаи ҳастии инсоният маҳсуб шуда, устувориву рушди давлат аз мустаҳкамии оила вобастагии калон дорад. Дар таҳкими оила муомилаи байни ҳамсарон, волидайн ва фарзандон нақши муҳим мебозад. Мутаассифона, имрӯзҳо дар баъзе аз оилаҳо хушунати хонаводагӣ аз ҷониби шавҳар ба зан ё бараъкс аз ҷониби зан ба шавҳар, нисбат ба кӯдакон ва ё аз тарафи шахси сеюм ба як оила зиёд ба мушоҳида мерасад.
«Ҷиҳати пешгирии хушунати хонаводагӣ Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон нақшаи чорабиниҳоро дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи пешгирии зӯроварӣ дар оила» ва «Барномаи давлати пешгирии зӯроварии хонаводагӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2014-2023» таҳия намуда, дар ин самт тадбирҳои судмандро амалӣ намуда истодааст. Имрӯз бештари духтарон кӯшиш менамоянд, ки барвақт оила барпо намоянд. Аммо таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки аксари вақт онҳо аз муносибати оиладорӣ бехабар буда, ба ҳаёти мустақилона омода нестанд. Яке аз сабабҳои зиёд гардидани теъдоди ҷудошавии оилаҳои ҷавон дар ҷумҳурӣ тайёр набудани ҷавондухтарон ба оиладорӣ аст. Аз ин рӯ, беҳтар мебуд, агар падару модарон пеш аз оиладор намудани фарзандон, онҳоро аз тамоми нозукиҳои оиладорӣ бохабар намоянд. Имрӯзҳо занон хеле зиёд бо масъалаҳои гуногуни оилавӣ ба Кумита муроҷиат мекунанд, ки аз ҷониби равоншиносону ҳуқуқшиносон ба онҳо маслиҳатҳои муфид дода мешаванд», — афзуд Сабоҳат Маҳмадалиева.
Бояд зикр намуд, ки Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе низ бо мақсади дастгирии иҷтимоӣ, ҳуқуқӣ ва равонии занон соли 2010 Муассисаи давлатии «Маркази худшиносии бонувон дар шаҳри Душанбе» -ро таъсис додааст.
Маркази мазкур ба таври ройгон ва махфӣ ба гурӯҳи заноне, ки дар ҳолати душвори зиндагӣ қарор дошта, дучори фишор ва хушунати хонаводагӣ гардидаанд (инчунин, занони ҷабрдидае, ки мавриди хариду фурӯш қарор гирифтаанд), хизмат мерасонад. Кормандони марказ ба ин гуна занону духтарон ва кӯдакон кумаки аввалини тиббӣ, иҷтимоӣ, ҳуқуқӣ ва равонӣ расонида, инчунин барои пешгирии ҳама гуна зӯроварӣ дар байни занон фаъолияти иттилоотӣ-маърифатӣ ба роҳ мондаанд.
Тавре директори «Маркази худшиносии бонувон дар шаҳри Душанбе» Зӯҳро Мирзоева иттилоъ дод, аз аввали соли равон то имрӯз ба Марказ 1236 нафар занон муроҷиат намуданд. Дар 371–тои ин аризаҳо бонувон оид ба мавҷудияти зӯроварӣ дар оила, 171 нафар барои ситонидани алимент, 122 нафар оид ба бекор кардани ақди никоҳ, 108 нафар оид ба тақсимоти манзил ва 180 нафари дигар дар масъалаҳои гуногун, аз ҷумла, таъмин намудан бо ҷои кор, ғайриқонунӣ аз кор озод намудан, кумаки молиявӣ, гирифтани шиноснома ва зодномаи таваллуд, масъалаи гирифтани қитъаи замин, иҷро нагардидани қарорҳои судӣ ва ғайраҳо муроҷиат намудаанд.
Бояд қайд намуд, ки бахшида ба маъракаи «16 рӯзи мубориза бар зидди зӯроварии гендерӣ», ки аз 28 ноябр оғоз мегардад, дар пойтахт баргузории барномаҳои маърифатию иттилоотӣ бо занону духтарон дар назар дошта шудааст.
Ибодат ДАВЛАТОВА
АМИТ «Ховар»








НИШОНИ ҶАВОНМАРДӢ. Дар ҳошияи асари сиёсатшинос, сиёсатмадор, олим ва адиби нуктасанҷ Саймумин Ятимов
Дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон оид ба татбиқи технологияҳои рақамӣ дар низоми логистикӣ машварат доир гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии ҳарбӣ- варзишии «Ватанпарвар» доир гардид
«Одамон. Идеяҳо. Ҳаракат». Дар Душанбе нахустин форуми таҷрибаҳои идоракунӣ баргузор шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар аст
ТАЪСИРИ ШАБАКАҲОИ ИҶТИМОӢ БА РУҲИЯИ КӮДАКОН. Ва ё «оҳанро дар гармияш бояд кӯфт»
Соли 2025 шаҳрвандон ва соҳибкорон беш аз 6 миллион амалиёти ғайринақдиро анҷом доданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво тағйирёбандаи бебориш мешавад
ҒИЗОИ СОЛИМ. Чӣ тавр аз лӯбиё таом ва ё хӯриш омода намоем?
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар аст
ФУТБОЛ. Дастаҳои асосӣ ва ҷавонони «Вахш» бо медалҳои нуқра ва биринҷӣ мукофотонида шуданд






