Дар шаҳри Норак Фестивали «Анор» доир гардид

Ноябрь 13, 2025 10:19

ДУШАНБЕ, 13.11.2025 /АМИТ «Ховар»/. 12 ноябр дар шаҳри Норак Фестивали «Анор» доир гардид, ки дар он хоҷагиҳои анорпарвари вилояти Хатлон  навъҳои гуногуни анорро пешниҳоди иштирокдорон намуданд.

Тавре аз хадамоти матбуоти Раиси вилояти Хатлон ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, фестивал дар доираи Форуми байналмилалии сармоягузории «Хатлон Инвест – 2025» баргузор гардид.

Муовини Сарвазири Тоҷикистон Сулаймон Зиёзода иброз намуд, ки баргузории ин фестивал барои табодули таҷриба ва муаррифии маҳсулоти ватанӣ имконияти хуб фароҳам меорад.

Дар ин рӯз аз ҷониби олимони соҳаи кишоварзӣ барои парвариш ва интихоби навъҳои серҳосили ниҳоли анор ба боғпарварон тавсияҳои муфид пешниҳод гардид.

Дар Тоҷикистон панҷ навъи анор парвариш карда мешавад. Дар байни зироати субтропикӣ анор дар кишоварзӣ аз ҷиҳати иқтисодӣ хеле фоиданок аст. Дар мамлакат 2722 гектар боғи анор мавҷуд аст, ки аз ин 1359 гектар боғи ҳосилдеҳ мебошад. То аввали моҳи октябр боғпарварони мамлакат 4917 тонна мева ҷамъоварӣ намудаанд.

Боғи анори шаҳри Норак дар маҳаллаи Дӯстии Ҷамоати деҳоти Пули Сангин дар 174 гектар бунёд гардидааст, ки дар 124 гектари он ниҳол парвариш карда мешавад. Дар як сол аз ин боғ 60 тонна анор ҷамъоварӣ  мегардад.

Ба тавсияи мутахассисони соҳаи тиб, меваи анор аз қанд, витамини С бой буда, дорои моддаҳои маъданӣ ва микроэлементҳо, ба монанди калтсий, калий, марган ва натрий мебошад. Меваҳо то 60 фоиз шарбат доранд. Шарбати анор барои камхунӣ, қиёми пӯсташ барои сӯхтагӣ ва касалиҳои меъда муфид аст.

Меваи анор аз се қисми асосӣ иборат аст: пӯст, тухмҳо ва афшура. Таносуби байни қисмҳои алоҳидаи анор чунин аст: пӯсташ 27,89-51,76 фоизи тамоми вазни мева, тухмҳо 7,78-22,14 фоиз, афшура 38,86-63,43% вазни меваро ташкил медиҳанд. Маззаи анор аз таркиби кимиёвӣ вобаста аст ва дар ин вақт махсусан таносуби қандҳо бо кислотаҳо ҳалкунанда аст. Аз рӯи миқдори кислотаи лимӯи шарбати анор навъҳо ба ширин, ширин-турш ва турш тақсим карда мешаванд. Меваҳои дорои 0,9 фоиз кислотаи лимӯӣ ширин, аз 0,9 то 1,8 фисад ширин-турш ва зиёда аз 1,8 фоиз турш ҳисобида мешаванд. Навъҳои беҳтарин аз 0,9 фоиз то 1,8 фоиз кислотаи лимӯ ва ҳадди ақалл 12 фоиз қанд доранд.

Дар байни зироати субтропикӣ анор дар кишоварзӣ аз ҷиҳати иқтисодӣ хеле фоиданок аст. Аз як дарахт 50-60 килограмм ҳосил гирифтан мумкин аст. Дарахти анор аз 3-солагӣ ба ҳосилдиҳӣ оғоз намуда, аз 5 то 35 сол ҳосил медиҳад. Анор ба дарахтони тезҳосилдиҳанда мансуб аст. Меваи онро аз соли дуюми баъди шинонидан чидан мумкин аст.

Давраи ҳосилдиҳии анор аз усули зиёдкунӣ вобаста аст. Агар анор ба воситаи тухм зиёд карда шавад, дар 3-солагӣ ба ҳосилдиҳӣ оғоз мекунад, агар аз қаламча зиёд карда шавад, дар соли дуюми баъди шинонидан ҳосил медиҳад.

АКС: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Хатлон

 

Ноябрь 13, 2025 10:19

Хабарҳои дигари ин бахш

ОГОҲӢ! Аз 27 то 30 июн дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани селҳои хусусияти маҳаллидошта пешгӯӣ мешавад
Дар КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон» ба муносибати Рӯзи Ваҳдати миллӣ ва қабули ташаббуси нави ҷаҳонии Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
Дар Рашт дар мавзуи «Ваҳдати миллӣ – асоси таҳкими давлатдории тоҷикон» конференсияи илмӣ-амалӣ баргузор гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Дар Бохтар бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ ҳамоиши сиёсӣ-фарҳангӣ баргузор гардид
Дар назди Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 2-и шаҳри Норак бинои иловагӣ сохта мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Беш аз ду километр роҳи деҳаи Ниликони ноҳияи Рӯдакӣ мумфарш гардид
Дар ҷаласаи 45-уми Шурои идоракунандагони GCF масъалаҳои стратегии марбут ба татбиқи Созишномаи Париж баррасӣ мешаванд
Хизматрасонӣ 24/7: чӣ тавр оператори мобилӣ бо муштариён муошират менамояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 40 дараҷа гарм мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1190 то 0.1245 сомонӣ муқаррар шудааст