Аҳамияти бузурги Иҷлосияи XVI дар он аст, ки сарнавишти халқи тоҷикро ба дасти шахсияти бузурги аср-Эмомалӣ Раҳмон супурд, -бардошт аз конференсияи илмӣ

Ноябрь 10, 2017 15:36

ДУШАНБЕ, 10.11.2017. /АМИТ «Ховар»/.  Аҳамияти бузурги таърихии Иҷлосияи  XVI  Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз он иборат аст, ки сарнавишти халқи тоҷикро ба дасти шахсияти бузурги аср-Эмомалӣ Раҳмон супурд ва Сарвари давлат тавонист мардуми кишварамонро ба ҳамдигарфаҳмӣ ва сулҳу салоҳ расонад. Ин суханонро  Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа, академик Абдуҷаббор Раҳмонзода зимни  Конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ дар мавзӯи «Нақши таърихии Иҷлосияи XVI Шӯрои олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар рушди минбаъдаи кишвар» изҳор намуд.

Конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ, ки ба 25-умин солгарди баргузории Иҷлосияи XVI Шӯрои олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида шуда буд, имрӯз дар Академияи илмҳо бо иштироки роҳбарияти вазорату идораҳои дахлдори кишвар баргузор гардид.

Конференсияро президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, академик Фарҳод Раҳимӣ ифтитоҳ намуда, зикр кард, ки «муҳимтарин дастоварди Иҷлосияи таърихӣ он буд, ки шахсияти миллию мардумиро дар симои Эмомалӣ Раҳмон ба арсаи роҳбарӣ ва давлатдорӣ дар марҳилаи навини таърихӣ овард. Ин марди майдони сиёсати минтақавӣ ва башарӣ бо рӯҳи қавии миллӣ на танҳо вазъро ба эътидол оварда, созиши миллиро дар сатҳи иҷтимоӣ таъмин намуд, балки дар бунёди давлат, таҳкими Истиқлолияти давлатӣ ва сиёсати миллӣ дар миқёси байналмилалӣ саҳми сазовор гузошт».

Сипас, донишмандони шинохтаи тоҷик, аз ҷумла, Кароматулло Олимов, Мӯсо Диноршоев ва дигарон дар бораи барқарории сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ, таҳкими давлатдории миллӣ ва истиқлолият маърӯза намуда, воқеаи таърихиро чун василаи барқарории низоми сиёсӣ дар мамлакат шумориданд.

Зикр шуд, ки сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз замони Иҷлосияи XVI то давраи муосир бо дарназардошти мусолиҳаи миллӣ ва бозгардонидани гурезагон аз хориҷи мамлакат ҷиҳати барқарор намудани сохти конститутсионӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз омилҳои асосии таъмин намудани рушду тараққии минбаъдаи кишвар маҳсуб мешавад.

Гузашта аз ин, сегонаи мансуб ба нерумандии шахсияти Эмомалӣ Раҳмон, ки аз таъмини амнияти озуқаворӣ, истиқлолияти  энергетикӣ  бо иловаи баромадан аз бунбасти коммуникатсионӣ иборат мебошад, алҳол Ватани тоҷиконро аз як кишвари ҷангзада ба давлати мутараққӣ мубаддал намудааст. Сарчашмаи ҳамаи комёбиҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, қабл аз ҳама, Иҷлосияи XVI Шӯрои олӣ аст, ки барои миллати тоҷик чун Эмомалӣ Раҳмон шахсияти нотакрорро ба арсаи сиёсат овардааст.

 

Ноябрь 10, 2017 15:36

Хабарҳои дигари ин бахш

Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст
Дар шаҳри Хоруғ мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар минтақаи доманакӯҳии атрофи маҳаллаи Зарафшон ниҳолҳои мевадиҳанда шинонида шуданд
«ҲАР ОН КАС, КИ «ШОҲНОМА»-ХОНӢ КУНАД…». Дар Осорхонаи миллӣ маҳфили «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид
Ҳамёни рақамӣ дар «МегаФон Life» боз ҳам мувофиқтар шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борони бошиддат меборад
Дар ноҳияи Роштқалъа корҳои биотехникӣ идома доранд
Дар Ҳисор муоинаи техникаҳои кишоварзӣ ва омодагии онҳо ба мавсими кишт гузаронида шуд