Ғайрат Сангинзода, раиси Суди ноҳияи Исмоили Сомонӣ: «Тоҷикон дар парчамдорӣ таърихи куҳан доранд»
ДУШАНБЕ, 24.11.2017 /АМИТ «Ховар»/. Баробари ба истиқлолият расидани Тоҷикистон дар радифи масоили дигар зарурати таҳияву қабули рамзҳои давлатӣ пеш омад. Вакилони мардумӣ дар Иҷлосияи XVI Шӯрои Олӣ дар баробари рамзҳои дигари давлатӣ — Суруди миллӣ ва Нишони давлатӣ дар сари пазириши тарҳу намуди Парчами давлатии Тоҷикистон табодули афкор намуданд. 24 ноябри соли 1992 Ҷумҳурии Тоҷикистон расман соҳиби аввалин рамзи давлатӣ — Парчами давлатӣ гардид. Ин буд, ки дар асоси муқаррароти моддаи 3 Конститутсия Парчам дар баробари Нишон ва Суруди миллӣ яке аз рамзҳои давлатӣ эътироф шуд. Пас аз таҳия ва баррасӣ дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, 12 майи соли 2007 Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рамзҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро имзо намуд, ки аз ду боб иборат аст. 11 декабри соли 1999 бо Қарори Маҷлиси Олӣ Низомнома дар бораи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда шуд. Тибқи асноди мазкур Парчами давлатӣ дар боло ё пештоқи бино ва ё ба пояи махсус дар ҳавлии қароргоҳи расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маҷлиси миллӣ, Ҳукумати мамлакат, судҳои ҷумҳурӣ, мақомоти прокуратура, Бонки миллӣ, Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ, вазорату кумитаҳои давлатӣ ва мақомоти дигари идоракунии давлатӣ, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, намояндагиҳои дипломатии Тоҷикистон дар мамлакатҳои хориҷӣ, қисмҳои ҳарбӣ, гузаргоҳҳо, дидбонҳо, нуқтаҳои гумрукии сарҳади давлатии Тоҷикистон насб карда мешаванд. Парчами давлатӣ инчунин дар нақлиёти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, раисони Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон, Сарвазир, роҳбарони ҳайатҳои давлатӣ ва Ҳукумати Тоҷикистон берун аз ҷумҳурӣ ва шахсони дигар тибқи тартиби муайяншудани ҳукумати ҷумҳурӣ афрохта мешавад.
Парчами давлатӣ яке аз рамзҳои муҳими истиқлолияти миллӣ ва давлатдории муосири мо, таҷассумгари асосҳои давлат ва рамзҳои давлатдории гузаштаи тоҷикон, инчунин ифодакунандаи мақсаду маром ва орзуву ормонҳои тамоми мардуми Тоҷикистон мебошад. Ҷашни Рӯзи Парчами давлатӣ эҳтиром ба рӯҳи қаҳрамонони миллат, яъне ба онҳое, ки дар тӯли таърих барои ному нанг ва марзу буми халқи тоҷик ҷоннисориҳо намуда, забон, фарҳанг ва ҳаққи давлатдории ин миллати куҳанбунёдро то ба замони мо расондаанд, эҳтиром ба рӯҳи Коваи оҳангару Куруши Кабир, Шераку Деваштич, Исмоили Сомониву Темурмалик, Рӯдакиву Фирдавсӣ ва садҳову ҳазорон гузаштагони мост. Тоҷикон дар парчамдорӣ таърихи куҳан доранд ва ин худ далели маърифати баланду нишони дорои анъанаҳои кишваророӣ будани онҳост. Парчам аз аҳди қадим барои тоҷикон рамзи иттиҳоду пирӯзӣ, ваҳдату ягонагӣ ва шуҷоату далерӣ будааст. Халқи тоҷик, ки дар замони Куруши Кабир соҳиби Эъломияи ҳуқуқи башар гашта буд, аввалин шуда, дирафшро ба миён овард. Имрӯз ҳеҷ давлатеро бе парчам наметавон тасаввур кард.
Бошад, ки Парчами давлатии Тоҷикистон бар сари миллати тоҷик ва давлати тоҷикон то ҷовидон парафшон бошад ва моро ба сӯи ояндаи дурахшон раҳнамоӣ намояд.








Имрӯз дар Душанбе ҳаво рӯзона то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Душанбе Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷлил гардид
Тарофаҳои нав барои Суғд: интернети бештар бо нархи дастрас!
Дар шаҳри Норак Фестивали «Анор» доир гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 16 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Бӯстон Маркази омӯзишии «Русия бо Шумо» ифтитоҳ ёфт
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
ОЯНДАИ ФУТБОЛ АЗ ҲОЛО ОҒОЗ МЕЁБАД. Дар Тоҷикистон мусобиқаи васеъмиқёси кӯдакона анҷом ёфт
ZET-MOBILE иқдоми нав оғоз намуд: тарофаҳои «SUPER Қувва» бо тахфифи 50%
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 12 дараҷа гарм мешавад






