«Ҷавонон – пайрави Пешвои миллат ва муҳофизи дастовардҳои Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»-Фестивали ҷавонон
ДУШАНБЕ, 22.11.2017 /АМИТ «Ховар»/. Бо ташаббуси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе бо мақсади баланд бардоштани ҳисси худшиносию худогоҳӣ, таҳкими дӯстию рафоқат, ягонагию муттаҳидӣ дар байни ҷавонон, табодули таҷриба ва шиносоӣ аз ҷойҳои фарҳангию фароғатии пойтахт 22 – 25 ноябри соли 2017 дар шаҳри Душанбе Фестивали ҷавонон таҳти унвони «Ҷавонон – пайрави Пешвои миллат ва муҳофизи дастовардҳои Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» баргузор мегардад.
Тавре аз Раёсати иттилоот ва робитаҳои хориҷии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, имрӯз Фестивали мазкур бо гузоштани гулчанбар дар пояи ҳайкали Исмоили Сомонӣ аз ҷониби ҷавонони фаъоли тамоми шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ оғоз меёбад. Дар рӯзҳои баргузории Фестивал ҳамчун рамзи тарғиби варзиш ва нигоҳдории саломатӣ иштирокдорони он ҳар саҳар дар майдони «Дӯстӣ», боғҳои «Устод Рӯдакӣ» ва «Парчами миллӣ» ва дигар ҷойҳои мувофиқи пойтахт машқҳои пагоҳирӯзӣ мегузаронанд.
Дар доираи Фестивал 23 ноябр дар Муассисаи давлатии «Душанбе –Плаза» ҳамоиши ҷавонон таҳти унвони «Мо бо Пешвои худ ифтихор дорем!» баргузор мегардад.
Баъди ин ҳамоиш иштирокдорони Фестивали ҷавонон аз Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дидан намуда, бо вазъи будубоши сарбозон дар қисми ҳарбии 0123-и қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон шинос мешаванд.
Сипас иштирокдорони ҳамоиш дар барномаи фарҳангӣ таҳти унвони “Сайри шомгоҳони Душанбе» иштирок намуда, ҷойҳои таърихию фарҳангии пойтахт, аз ҷумла, Осорхонаи миллии Тоҷикистон ва «Кохи Наврӯз»-ро тамошо мекунанд.
24 ноябр бахшида ба Рӯзи Парчами миллӣ дар «Боғи С.Айнӣ» барномаи фарҳангию фароғатӣ таҳти унвони «Парчам-рамзи ҳувият ва иттиҳоди миллати тоҷик» баргузор мегардад.








Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст
Дар шаҳри Хоруғ мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар минтақаи доманакӯҳии атрофи маҳаллаи Зарафшон ниҳолҳои мевадиҳанда шинонида шуданд
«ҲАР ОН КАС, КИ «ШОҲНОМА»-ХОНӢ КУНАД…». Дар Осорхонаи миллӣ маҳфили «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид
Ҳамёни рақамӣ дар «МегаФон Life» боз ҳам мувофиқтар шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борони бошиддат меборад
Дар ноҳияи Роштқалъа корҳои биотехникӣ идома доранд
Дар Ҳисор муоинаи техникаҳои кишоварзӣ ва омодагии онҳо ба мавсими кишт гузаронида шуд






