Азим Иброҳим: «Рушди бахши нақлиёт яке аз соҳаҳои афзалиятноки иқтисодиёти Тоҷикистон аст»

Ноябрь 13, 2017 16:29

ДУШАНБЕ, 13.11.2017/АМИТ «Ховар»/. Дар Анҷумани IV роҳсозони ИДМ ва  ҷаласаи ХХХIХ Шӯрои байниҳукуматии  роҳсозон,    ки дар Душанбе доир гардид,  муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Азим Иброҳим аз номи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирокдорони ҷаласаи ХХХIХ Шӯрои байниҳукуматии  роҳсозон ва Анҷумани IV роҳсозони ИДМ-ро табрик намуд. Муовини Сарвазири кишвар афзуд, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат — Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон  дар самти таҳкими ҳамкории мутақобилан судманд  ва афзалиятнок дар бахши нақлиёт ва коммуникатсия дар доираи  фаъолияти Шӯрои  байниҳукуматии роҳсозон, инчунин дар бахши рушди нақлиёти Тоҷикистон, ки яке аз соҳаҳои афзалиятноки иқтисодиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб меёбад, таваҷҷуҳи махсус зоҳир менамоянд.

Азим Иброҳим таъкид кард, ки дар Душанбе доир гардидани чорабиниҳои бузурги идораҳои нақлиётии кишварҳои ИДМ — ҷаласаи ХХХIХ Шӯрои байниҳукуматии роҳсозон  ва Анҷумани IV роҳсозони ИДМ  аз тақвияти ҳамкории судманди давлатҳои ИДМ  дар бахши рушди нақлиёт ва инфрасохтори  соҳа шаҳодат медиҳад. Мавсуф зикр кард, ки масъалаҳое, ки дар ҷаласаи ХХХIХ Шӯрои байниҳукуматии роҳсозон ва Анҷумани IV роҳсозони ИДМ баррасӣ ва қабул мегарданд, дар рушди  бахши  нақлиёти давлатҳои ИДМ, инфрасохтори соҳа, хусусан истифода ва роҳандозии технологияҳои инноватсионӣ, омӯзиш ва  истифодаи таҷрибаи пешрафтаи  кишварҳои ИДМ дар бахши роҳсозӣ ва таъмиру таҷдиди онҳо, таъмини амнияти роҳҳои автомобилгард дар қаламрави ИДМ, афзоиши ҳаҷми боркашонӣ ва дар маҷмӯъ, дар ҳалли масъалаҳои  марбут  ба соҳаи нақлиёти давлатҳои  ИДМ  нақши муҳим мебозанд.

Ноябрь 13, 2017 16:29

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад