Ба беморхонаи ноҳияи Данғара дастгоҳи ангиографӣ тақдим гардид
ДУШАНБЕ, 17.11.2017 /АМИТ «Ховар»/. Дар Муассисаи давлатии Беморхонаи ҷумҳуриявии клиникии ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон маросими расман ба истифода додани дастгоҳи ангиографӣ, ки пешрафтатарин ва муассиртарин воситаи ташхиси бемориҳои қалб ва рагҳои хунгузар буда, ҳамзамон тариқи он амалиёти муоличавӣ низ гузаронида мешаванд, сурат гирифт.
Тавре аз Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, дар расми баистифодадиҳии дастгоҳи ангиографӣ, ҳамзамон ду нафар беморони маҳаллӣ тариқи ройгон аз амалиёти ҷароҳии стенокардия бо мувафақият гузаронида шуданд.
Бино ба иитилои манбаъ, дастгоҳи мазкур бо сарпарастӣ ва дастгирии бевоситаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин муассисаи тиббии кишвар насб гардид.
Зикр гардид, ки дастгоҳи ангиографӣ барои ташхис ва табобати дурусти бемориҳои дил истифода шуда, чунин таҷҳизот дар ҷумҳурӣ ҳамагӣ 7 адад мебошад. Дастгоҳи ангиографӣ ҷиҳати найчагузорӣ ба шараёнҳои дил бе ҷароҳии анъанавӣ ва кушода хизмат мерасонад.
Мувофиқи нишондоди оморӣ, дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 100 ҳазор аҳолӣ қариб 500 нафар мубталои бемориҳои ишемиявии дил буда, ба роҳ мондани фаъолияти чунин таҷҳизоти муосири соҳавӣ ҷиҳати фаро гирифтани маризони дил ва рагҳои хунгузар бо табобати дуруст ва саривақтӣ имконияти васеъ фароҳам меоварад.








Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад






