БА ТАВРИ ҚОЧОҚ… Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад
ДУШАНБЕ, 08.11.2017./АМИТ «Ховар»/. Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамарӯза дар сомонаи расмии худ хабару гузоришҳоро доир ба ошкор ва пешгирӣ намудани ҳуқуқвайронкуниҳо дар соҳаи фаъолияти гумрукӣ, фаъолияти фаврӣ-ҷустуҷӯӣ, мубориза бар зидди қочоқ ва дигар ҷиноятҳо дар соҳаи фаъолияти гумрукӣ, ки аз ҷониби шахсони гуногун рух медиҳанд, нашр менамояд. Баҳри бартараф намудани ҳолатҳои ҳуқуқвайронкунӣ аз ҷониби шаҳрвандон ва пешгирии ҳолатҳои ҳуқуқвайронкунӣ чанде аз ин хабарҳоро барои хонандагони сомона пешниҳод менамоем.
Пешгирии воридоти ғайриқонунии мол ба маблағи 455 ҳазору 783 сомонӣ
Дар роҳи мошингарди «Истаравшан-Хуҷанд» наздикии маҳаллаи Ғалламайдони ноҳияи Бобоҷон Ғафуров воситаи нақлиёти тамғаи Камаз-53212 таҳти ронандагии шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон У.М. барои муоинаи гумрукӣ боздошт карда шуд.
Аз бордони нақлиёти мазкур молҳои гуногуни хоҷагӣ дарёфт карда шуд, ки дар маҷмӯъ 455 ҳазору 783 сомонию 80 дирамро ташкил медиҳанд.
Маълум шуд, ки шаҳрванд Н.Ҳ. ин миқдор молро бидуни назорати гумрукӣ, ғайриқонунӣ ва тариқи қочоқ аз Ҷумҳурии Қирғизистон ба ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид намудааст.
Боздошти шаҳрванди Қирғизистон бо беш аз 1 миллион сомонӣ
Шаҳрванди Ҷумҳурии Қирғизистон Ҳ.А. бо маслиҳати пешакӣ бо дигар шахсони дар ин ҷиноят дастдошта бо мақсади ба даст овардани даромади муфт ба воситаи мошини тамғаи «Хова» аз Ҷумҳурии Мардумии Чин 3 номгӯй мол- тунука, масолеҳи пластикӣ барои парда ва матоъро бидуни барасмиятдарории гумрукӣ вориди Ҷумҳурии Тоҷикистон кардааст.Арзиши молу маҳсулоти тариқи қочоқ ворид намудаи Ҳ.А. ва дигар шахсони дастдошта маблағи умумии 1 миллиону 461 ҳазору 298 сомониро ташкил медиҳад, ки дар натиҷаи ин ҳаракатҳои бадқасдонаи онҳо ба давлат зарари моддӣ расонида шудааст. Аз рӯи ин ҳолат парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шудааст.
Ҳайдаров ба маблағи зиёда аз 5 миллион сомонӣ моли қочоқ ворид намуд
Ҳангоми гузаронидани амалиёти гумрукӣ муайян карда шуд, ки шаҳрванд Ҳайдаров Азизжон Нумонович, соли таваллудаш 1982, сокини шаҳри Душанбе, ноҳияи Исмоили Сомонӣ, кӯчаи Рӯдакӣ 98, хонаи 6, бо маслиҳати пешакӣ бо дигар шахсони дар ҷиноят дастдошта ба воситаи мошинҳои тамғаи «Долун» аз Ҷумҳурии Мардумии Чин зиёда аз 50 номгӯй молу маҳсулоти ниёзи мардум, таҷҳизоти техникӣ, қисмҳои эҳтиётии мошинҳо ва дигар молҳои ниёзи мардумро бидуни барасмиётдарории гумрукӣ вориди Ҷумҳурии Тоҷикистон кардааст.
Арзиши молу маҳсулоти тариқи қочоқ вориднамудаи Ҳайдаров А.Н. ва дигарон маблағи умумии 5 миллиону 200 ҳазору 993 сомониро ташкил медиҳад.
Нисбат ба шахсони мазкур, ки қасдан ба буҷаи давлат зарарӣ моддӣ расонидаанд ва бидуни барасмиятдарории гумрукӣ молу маҳсулотро вориди Ҷумҳурии Тоҷикистон намудаанд, парвандаи ҷиноӣ оғоз гардида, тафтиш идома дорад.
Зарангези ЛАТИФ,
АМИТ «Ховар»








Бо мақсади омӯзиши нуктаҳои асосии Паёми Президенти Тоҷикистон дар шаҳри Роғун ҳамоиш доир шуд
Дар Душанбе ҷашни Сада ва намоиши тухмии зироати кишоварзӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
«НАВРӮЗ-МЕРОСИ ФАРҲАНГИЮ ҶАҲОНГАРДӢ». Таҳти ин унвон фестивали байналмилалӣ доир мегардад
«МегаФон Life»: замимае, ки ба он эътимод доранд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ карда мешавад
Таомҳои тоҷикӣ дар шаҳрҳои Федератсияи Русия ба таври шоиста муаррифӣ мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад
Дар Ҳисор ҳамоиши минтақавии раисони шуроҳои ҷангу меҳнати шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд






