Барои Тоҷикистон истифода аз таҷрибаи Корея афзалиятнок ва судманд хоҳад буд
ДУШАНБЕ, 25.11.2017/АМИТ «Ховар»/. Тоҷикистон ва Корея дорои иқтидорҳои бузурги истифоданашудаи ҳамкорӣ дар бахшҳои гуногуни иқтисодӣ, назири энергетика, саноат ва аграрӣ мебошанд. Ин матлаб дар ҳамоише, ки 24 ноябр дар Душанбе ба ифтихори 25-умин солгарди барқарории муносибатҳои дипломатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Корея ва 80-солагии сукунати кореягиҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон доир гардид, баён гардид.
Дар ҳамоиш, ки коршиносону мутахассисони ниҳодҳои пажӯҳишии ҷумҳурӣ, сафирони кишварҳои хориҷӣ иштирок доштанд, директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Худобердӣ Холиқназар, муовини аввали Вазири корҳои хориҷии ҷумҳурӣ Низомиддин Зоҳидӣ, Сафири Ҷумҳурии Корея дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Ли Ву Чёл ва раиси Ассотсиатсияи кореягиҳои шӯравӣ дар Тоҷикистон Виктор Ким сухан карда, ба сатҳи ҳамкории мутақобилан судманди Тоҷикистон ва Корея баҳои баланд доданд.
Низомиддин Зоҳидӣ доир ба сатҳи ҳамкории гуногунсоҳаи Тоҷикистон ва Корея сухан карда, гуфт, ки «Ҷумҳурии Корея яке аз аввалин кишварҳоест, ки истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар соли 1992 ба расмият шинохт ва аз ҳамон сол муносибатҳои дипломатӣ байни ду кишвар барқарор гардид. Дар зарфи 25 сол равобити гуногунсоҳа байни Тоҷикистон ва Корея густариш ёфта, ду кишвар ба дастовардҳои назаррас ноил гардиданд. Сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Корея моҳи апрели соли 2015 дар таҳкими муносиботи Душанбе ва Сеул саҳифаи нав боз кард. Зимни ин сафар Президенти Тоҷикистон дар радифи дидору мулоқотҳо бо намояндагони баландпояи Корея дар маросими ифтитоҳи Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Корея иштирок намуданд».
Инчунин ҳамкории Тоҷикистон бо Корея дар доираи фаъолияти Агентии Корея оид ба ҳамкории байналмилалӣ (KOIСА) сол аз сол густариш меёбад. Интизор меравад, ки ояндаи наздик дар Тоҷикистон намояндагии KOIСА таъсис дода шавад.
Таъкид шуд, ки дар самти ҳамкории иқтисодию тиҷоратии Тоҷикистону Корея ҳанӯз имконоти истифоданашуда зиёданд. Моҳи апрели соли равон дар Душанбе ҷаласаи Комисссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Корея оид ба ҳамкории иқтисодию тиҷоратӣ доир шуд, ки дар он масоили таҳкими равобити иқтисодӣ байни ду кишвар матраҳ гардид. Гардиши мол байни ду давлат соли гузашта 15 миллион долларро ташкил дод, ки он ҷавобгӯи талаботи рӯз нест. Дар ин самт зикр шуд, ки бояд ҳамкории ду кишвар дар соҳаҳои иқтисодиёт, бахусус афзоиши табодули мол, ҷалби мутахассисони кореягӣ дар самти рушди иқтисоди кишвар, омӯзиши таҷрибаи пешқадами Корея дар бахши истеҳсол ва истифодаи технологияи пешрафта, ҳамкорӣ дар соҳаҳои энергетика, саноат ва кишоварзӣ тавсеа дода шавад, зеро Корея яке аз кишварҳои пешрафтаи ҷаҳон дар Осиё буда, истифодаи таҷрибаи ин кишвар ба манфиати Тоҷикистон аст. Ҳамзамон зикр шуд, ки ду давлат дар бахшҳои илму фарҳанг ҳамкории густурда дошта, алҳол ҳудуди 70 донишҷӯи тоҷик дар донишгоҳҳои пешрафтаи Корея таҳсил менамоянд. Дар Донишгоҳи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи устод Сотим Улуғзода забони кореягӣ омӯзонида мешавад. Инчунин дар Душанбе панҷ сол муқаддам Маркази фарҳангии Корея ифтитоҳ гардид, ки он дар тавсеаи равобити илмию фарҳангии Тоҷикистону Корея ва шинохти фарҳанги ин кишвар ба мардуми Тоҷикистон нақши муассир дорад. Соли равон дар Душанбе Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Корея баргузор гардида, ҳунармандони кореягӣ барномаҳои ҷолиби фарҳангиро пешкаши мардуми тоҷик намуданд.
Инчунин Ли Ву Чёл, Сафири Ҷумҳурии Корея дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Виктор Ким, раиси Ассотсиатсияи кореягиҳои шӯравӣ дар Тоҷикистон оид ба дурнамои таҳкими ҳамкории Тоҷикистону Корея ва ҳаёту сукунати кореягиҳо дар Тоҷикистон сухан карда, кореягиҳои Тоҷикистонро пули бузург дар таҳкими равобити дӯстонаи Тоҷикистону Корея арзёбӣ намуданд. Зикр шуд, ки кореягиҳо баъди муҳоҷират аз Шарқи Дур соли 1937 дар давлатҳои Осиёи Марказӣ, аз ҷумла, Тоҷикистон сокин гардида, бо меҳнатдӯстиашон дар рушди соҳаҳои гуногуни кишварамон, аз ҷумла, илм ва кишоварзӣ саҳми муносиб гузоштанд. То соли 1991 дар Тоҷикистон 15 ҳазор ақаллиятҳои кореягӣ сукунат доштанд, алҳол теъдоди онҳо ба 1,5 ҳазор нафар мерасад. Ҳоло дар Тоҷикистон Анҷумани дӯстии Тоҷикистону Корея дар назди Ҷамъияти дӯстӣ ва равобити фарҳангии Тоҷикистон бо кишварҳои хориҷӣ ва Ассотсиатсияи кореягиҳои шӯравӣ дар Тоҷикистон фаъолият доранд. Иштирокдорони ҳамоиш ҳамзамон оид ба дурнамои густариши равобити Тоҷикистон ва Корея ибрози назар намуда, дар ин самт пешниҳодҳои судманд баён карданд.
Марзия САИДЗОДА,
АМИТ «Ховар»