«БО ТАМОМИ ОВОЗ»! Дар шабакаи телевизионии «МИР» озмуни байналмилалии мусиқии телевизионӣ оғоз мешавад

Ноябрь 3, 2017 16:56

ДУШАНБЕ, 03.11.2017 /АМИТ «Ховар»/. 12 ноябр дар шабакаи телевизионии «Мир» намоиши сабқати байналмилалии мусиқии телевизионӣ таҳти унвони «Бо тамоми овоз» («Во весь голос»)  шурӯъ мегардад.

Озмуни мазкур аз он лиҳоз нодир хонда мешавад, ки аввалин маротиба дар саҳнаи шабакаи телевизионии русӣ барои ба даст овардани унвони дастаи беҳтарин намояндагони ҳашт кишвар қувваозмоӣ хоҳанд кард.

Иштирокчиён аз Русия, Тоҷикистон, Беларус, Молдова, Гурҷистон, Арманистон, Қазоқистон ва Озарбойҷон дар як саҳна ҳунарнамоӣ карда, барои ба даст овардани  ғалаба сабқат меварзанд.

Барои ҳар як даста як тан ҳунарманди маъруфи кишварҳояшон ба сифати раҳомӯз мутасаддӣ гардидааст, то иштирокчиёнро дастгирӣ намуда, маслиҳат диҳад. Ба иштироккунандагони озмун Марк Тишман, Маргарита Позоян, Руслан Алехно, Эмил Қодиров, Арсениум, Алиса Данелия, Зафар Абдуалимов ва Мадина Садвакасова ёрӣ хоҳанд расонид. Шумо омезиши ҳарорати ногуфтаниеро шоҳид хоҳед гашт, зеро иштирокдорон ҳамагӣ аз 13 то 17- солаанд.

Некруз Зребунов, Томирис Илназарова, Амал Ҳафизова, Дилноз Абдуалимова — тарбиятгирандагони студияи овозии «Ҳафтранг» дар сабқати мусиқии телевизионӣ иштирок мекунанд. Истеъдодҳои ҷавонро аз Тоҷикистон яккахонзани гурӯҳи «Авесто», ҳамзамон роҳбари студия Таҳмина Рамазонова ҳамроҳӣ хоҳад кард. Овозхон Зафар Абдуалимов ба сифати  раҳомӯзи даста даъват шудааст.

Сарояндагон қариб тӯли се моҳ барои ин сабқат омодагӣ дидаанд. Истеъдодҳои ҷавон зери роҳбарии маслиҳатгари худ суруди халқиро бо омезиши унсурҳои мусиқии замонавӣ иҷро мекунанд, яъне сурудҳоеро, ки дар сархати беҳтарин сурудҳои кишварҳояшон қарор гирифтаанд, ҳамчунин сурудҳои бахшҳои дигар низ барои иҷро пешниҳод мешаванд.

Қобили тазаккур аст, ки ин сабқат лоиҳаи ҷадиди продюсер Лина Арифулина аст, ки барандаи ҷоизаи ТЭФИ маҳсуб ёфта, то кунун шумораи зиёди лоиҳаҳои мусиқии худро амалӣ намудааст.

Давоми якуним моҳ ҳар ҳафта дар саҳнаи шабакаи телевизионии «МИР» шумо метавонед аз ҷараёни ҳодиса бохабар шавед. Ровии беназири барнома – Тимур Родригес  намегузорад, ки лаҳзае афсурдаҳолиро эҳсос кунед.

Сабқати мазкур ба муносибати 25-умин солгарди ба роҳ мондани муносибатҳои дипломатӣ байни кишварҳои аъзои Иттиҳоди давлатҳои мустақил баргузор мешавад «Бо тамоми овоз» имконият медиҳад, то аз вазъи кунунии саҳнаи ҳунарии кишварҳои иштирокчӣ ва тағйироти дар онҳо ба амаломада бохабар шавем.

Аз 12 ноябр то охири моҳи декабр дар шабакаи «МИР» аз раванди баргузории озмуни мусиқии телевизионии «Бо тамоми овоз» бохабар гардед.

Лоиҳа аз 8 консерт  иборат аст. Дар бахши аввал иштирокдорон бо ҳамдигар шинос шуда, худро муаррифӣ мекунанд. Ҳар як  даста аз 2 нафари яккахон ва гурӯҳ ташкил ёфтааст.

Дар даври аввал тамошобинон метавонанд бо шакли санҷишҳои минбаъда, ки барои телевизиони рус ҳанӯз ноошноянд, шиносоӣ пайдо кунанд.

Мароми озмун- ин ошно кардани тамошобинон бо мусиқии маъруфи кишварҳои иштирокчӣ аст. Дар тамоми давраи баргузории озмун тамошобинон мусиқии халқӣ ва сурудҳои замонавиеро хоҳанд шунид, ки роҳбари даста бо иштирокчиёнаш барои иҷро кардан  дар озмун интихоб намудаанд.

Дар ин бахш иштирокчиёнро лозим меояд, ки тамоми маҳорати худро пешкаш созанд, зеро онҳоро чун овозхонҳои шинохта баҳогузорӣ хоҳанд кард. Нуқтаи ниҳоӣ ва ҷамъбастии лоиҳа- ин базми солинавиест, ки баъди баромади муштараки иштирокчиёну ситораҳои санъат озмун натиҷагирӣ карда мешавад.

Кадом даста ғолиби озмуни мусиқии телевизионии «Бо тамоми овоз» мешавад- тамошобинон дар лаҳзаҳои охирини соли 2017 хоҳанд донист.

Ноябрь 3, 2017 16:56

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Конибодом ба хонандагон либосҳои мактабӣ ва ашёи хониш тақдим гардид
Дар Душанбе дар мавзуи «Навсозии Чин» конференсия баргузор гардид
Истиқлоли давлатӣ омили калидии сиёсати муваффақи Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ аст
МегаФон Тоҷикистон бурди миллион сомонӣ ва туҳфаҳои дигари олиҷанобро доир менамояд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад
Дар Бохтар ба кӯдакони ятим ва ниёзманд либосҳои мактабию лавозимоти хониш тақдим гардид
Дар палатаи поёнии Парлумони Тоҷикистон бо ҳайати Ҷумҳурии Мардумии Чин мулоқот доир шуд
Дар Тоҷикистон беш аз 1,9 миллион либоси мактабӣ истеҳсол карда шудааст
ОМОДАГӢ БА СОЛИ НАВИ ТАҲСИЛ. Дар Гулистон давраи мутобиқшавии хонандагони синфи якум идома дорад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Дар Ҳисор ба кӯдакону наврасони ятим либоси мактабӣ ва ашёи хониш тақдим гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад