Дар Чин таҳти унвони «Сармоягузорӣ дар Тоҷикистон» ҳамоиш баргузор гардид

Ноябрь 22, 2017 16:51

ДУШАНБЕ, 22.11.2017 /АМИТ «Ховар»/. 16-17 ноябри соли равон дар шаҳри Чангшаи музофоти Хинани Чин бо роҳбарии Шӯрои рушди тиҷорати байналмилалии Чин ва Ҳукумати музофоти Хинан Конфронси байналмилалии сармоягузории фаромарзии ширкатҳои Чин-2017 бо ҳузури 600 нафар иштироккунандагон баргузор гардид.

Тавре аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, дар доираи Конфронси мазкур аз ҷониби Сафорати Тоҷикистон дар Чин дар ҳамкорӣ бо Иттиҳодияи захираҳои табиии Шанхай Хайчэн (China Global) ва дастгирии бевоситаи Шӯрои рушди тиҷорати байналмилалии Чин, бо мақсади ҷалби соҳибкорон ҷамъомади алоҳидаи махсус вобаста ба муаррифии Тоҷикистон, имкониятҳои ҳамкорӣ ва сармоягузорӣ дар кишвар, аз ҷумла, рӯнамоии Минтақаи саноатии Тоҷикистон-Чин гузаронида шуд.

Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Мардумии Чин Парвиз Давлатзода дар ҷамъомади алоҳидаи махсус вобаста ба муаррифии Тоҷикистон, ки дар он 200 нафар намояндагони ширкатҳои аъзои Шӯрои рушди тиҷорати байналмилалии Чин, роҳбарият ва намояндагони сафоратҳои кишварҳои хориҷӣ, тоҷирони хориҷӣ ва намояндагони воситаҳои ахбори омма иштирок доштанд, ширкат карда, бо наворҳои таблиғотӣ ба иштироккунандагон ҷаззобият ва имкониятҳои кишварро барои ҳамкорӣ ва сармоягузорӣ дар самтҳои гуногуни фаъолият муаррифӣ намуд.

Дар ҳамоиш ҳамчунин муовини Директори генералии Иттиҳодияи захираҳои табиии Шанхай Хайчэн Ҷанг Ҷиеюан сухан гуфта, талошҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, хусусан таваҷҷуҳ ва дастгириҳои бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сармоягузорони хориҷиро ҷиҳати беҳдошти фазои сармоягузорӣ дар кишвар махсус ва ҳусни таваҷҷуҳи иштироккунандагонро ҳамчунин ба пойдор будани сулҳу оромӣ дар Тоҷикистон ва боэътимод будани сармоягузорӣ ва фаъолияти корӣ барои ширкатҳои чинӣ дар кишвар ҷалб намуд.

Зимни сафар Сафири Тоҷикистон Парвиз Давлатзода ҳамчунин бо роҳбарияти шаҳри Чангша, роҳбарияти Шӯрои рушди тиҷорати байналмилалии Чин ва Ширкати China Global суҳбатҳои пурмӯҳтаво анҷом дод.

Ноябрь 22, 2017 16:51

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Донишҷӯёни Коллеҷи тиббии шаҳри Ҳисор бо шароити хизмати сарбозон шинос шуданд
Муштарии ZET-MOBILE миллионер шуд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
НИШОНИ ҶАВОНМАРДӢ. Дар ҳошияи асари сиёсатшинос, сиёсатмадор, олим ва адиби нуктасанҷ Саймумин Ятимов
Дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон оид ба татбиқи технологияҳои рақамӣ дар низоми логистикӣ машварат доир гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии ҳарбӣ- варзишии «Ватанпарвар» доир гардид
«Одамон. Идеяҳо. Ҳаракат». Дар Душанбе нахустин форуми таҷрибаҳои идоракунӣ баргузор шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар аст
ТАЪСИРИ ШАБАКАҲОИ ИҶТИМОӢ БА РУҲИЯИ КӮДАКОН. Ва ё «оҳанро дар гармияш бояд кӯфт»
Соли 2025 шаҳрвандон ва соҳибкорон беш аз 6 миллион амалиёти ғайринақдиро анҷом доданд