Дар Душанбе оид ба ҳуқуқи маъюбон конфронси байналмилалӣ баргузор мешавад
ДУШАНБЕ, 14.11.2017 /АМИТ «Ховар»/. Аз 15 то 17 ноябри соли равон бо мақсади омодагӣ ба ҳамроҳ шудани Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Конвенсия оид ба ҳуқуқи маъюбон дар Душанбе конфронси байналмилалӣ баргузор мешавад. Конфронсро Иттиҳодияи миллии маъюбони Тоҷикистон бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Департаменти иқтисодӣ-иҷтимоии Созмони Милали Муттаҳид ва дигар шарикони рушд доир менамояд.
Тавре аз Иттиҳодияи миллии маъюбони Тоҷикистон хабар доданд, мақсади конфронси байналмилалӣ табодули таҷриба дар раванди ҳамроҳ шудани кишвар ба Конвенсия оид ба ҳуқуқи маъюбон мебошад. Ба конфронси мазкур коршиносон ва мутахассисон аз ташкилотҳои маъюбони давлатҳои хориҷи кишвар, аз ҷумла, аз Федератсияи Россия, Украина, Молдова, Беларус, Гурҷистон, Арманистон, Озарбойҷон, Қазоқистон, Қирғизистон, Ӯзбекистон, Германия ва намояндагони СММ, ки худ шахсони дорои имкониятҳои маҳдуданд, иштирок менамоянд. Ҳамчунин намояндагони раёсати кафолатҳои ҳуқуқи инсони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазорату идораҳои давлатӣ, аз ҷумла, Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, Вазорати адлия, Вазорати маориф ва илм, Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ ва Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон даъват шудаанд.
Конфронси мазкур дар асоси Нақшаи миллии амалҳо ҷиҳати иҷрои тавсияҳои давлатҳои аъзои Шӯрои Созмони Милали Муттаҳид оид ба ҳуқуқи инсон тибқи расмиёти Шарҳи универсалии даврӣ (даври дуюм) барои солҳои 2017-2020, ки бо амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ шудааст, амалӣ мегардад.
Тибқи он Ҷумҳурии Тоҷикистон уҳдадории ихтиёрӣ ба зимма гирифтааст, ки то охири соли 2017 Конвенсия оид ба ҳуқуқи маъюбонро ба имзо расонад.








Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст
Дар шаҳри Хоруғ мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар минтақаи доманакӯҳии атрофи маҳаллаи Зарафшон ниҳолҳои мевадиҳанда шинонида шуданд
«ҲАР ОН КАС, КИ «ШОҲНОМА»-ХОНӢ КУНАД…». Дар Осорхонаи миллӣ маҳфили «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид
Ҳамёни рақамӣ дар «МегаФон Life» боз ҳам мувофиқтар шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борони бошиддат меборад
Дар ноҳияи Роштқалъа корҳои биотехникӣ идома доранд
Дар Ҳисор муоинаи техникаҳои кишоварзӣ ва омодагии онҳо ба мавсими кишт гузаронида шуд






