Дар Душанбе Рӯзи ваҳдати миллии Ҳиндустон таҷлил гардид

Ноябрь 1, 2017 17:17

ДУШАНБЕ, 01.11.2017/АМИТ «Ховар»/. Дирӯз дар Душанбе дар иртибот ба зодрӯзи яке аз шахсиятҳои барҷастаи Ҳинд Сардар  Валлабхай Пател (1875-1950), ки   ҳамасола 31  октябр таҷлил мегардад, Рӯзи ваҳдати миллии Ҳиндустон ҷашн гирифта шуд. Дар он  кормандони  Сафорати Ҳиндустон дар Душанбе ва намояндагони Анҷумани дӯстии «Тоҷикистону Ҳиндустон», ки дар назди Ҷамъияти дӯстӣ ва равобити фарҳангии Тоҷикистон бо кишварҳои хориҷӣ фаъолият дорад, иштирок намуданд.

Сомнатҳ Гош, Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии  Ҳиндустон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон  нахуст Рӯзи ваҳдати миллии Ҳиндустонро ба ҷамъомадагон табрик гуфта,  дар бораи ҳаёт ва фаъолияти Сардар Пател  ва нақши ин сиёсатмадори барҷаста дар таъмини ваҳдати миллии Ҳиндустон сухан кард. Зикр шуд, ки ба муносибати зодрӯзи ин шахсияти барҷаста 31 октябр дар  Ҳиндустон Рӯзи ваҳдати миллӣ эълон гардидааст. Сардар Пател бо фаъолиятҳо ва корҳои шоистаю наҷибаш дар муттаҳид намудани  минтақаҳои гуногуни ин кишвар ва дар маҷмӯъ, дар самти ба як кишвари воҳид табдил додани сарзамини Ҳинд саҳми муҳим гузоштааст. Дар ин росто, Сардар Патилро ҳамчун  меъмори Ҳиндустони муосир эътироф намудаанд, зеро дар таҳкими ҳамгироии минтақаҳо ва таъмини  ваҳдати миллии Ҳиндустон  корҳои шоён анҷом додааст. Сардар Патил  тӯли ҳаёташ  дар вазифаҳои гуногуни давлатӣ — муовини Сарвазири Ҳиндустон, Вазири корҳои дохилӣ, Вазири иттилоот ва пахши маълумот фаъолият карда, ҳамчун сиёсатмадори дурандеш ва таъсиргузор шинохта шудааст.

Дар ҷамъомади ба Рӯзи ваҳдати миллии Ҳиндустон бахшидашуда дар бораи ҳаёту фаъолияти Сардар Патил филми кӯтоҳи ҳуҷҷатӣ ва суратҳо  ба намоиш  гузошта шуданд. Инчунин дастпарварони Маркази фарҳангии назди Сафорати Ҳиндустон дар Душанбе бо рақсу сурудҳои ҷолиб  ҳунарнамоӣ намуданд.

                                                                    Марзия САИДЗОДА

                                                                         АМИТ «Ховар»

Ноябрь 1, 2017 17:17

Хабарҳои дигари ин бахш

Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст
Дар шаҳри Хоруғ мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар минтақаи доманакӯҳии атрофи маҳаллаи Зарафшон ниҳолҳои мевадиҳанда шинонида шуданд
«ҲАР ОН КАС, КИ «ШОҲНОМА»-ХОНӢ КУНАД…». Дар Осорхонаи миллӣ маҳфили «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид
Ҳамёни рақамӣ дар «МегаФон Life» боз ҳам мувофиқтар шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борони бошиддат меборад
Дар ноҳияи Роштқалъа корҳои биотехникӣ идома доранд
Дар Ҳисор муоинаи техникаҳои кишоварзӣ ва омодагии онҳо ба мавсими кишт гузаронида шуд