Дар Хоруғ барои кормандони Раёсати адлия бинои сеошёна ба истифода дода шуд

Ноябрь 20, 2017 11:43

ХОРУҒ, 20.11.2017 /АМИТ «Ховар»/. Ҳоло дар ҳудуди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон сохтмони зиёда аз 217 иншоот бо арзиши қариб 900 миллион сомонӣ идома дорад. 48 адади ин биноҳо дар шаҳри Хоруғ сохта мешаванд. Ин нуктаро раиси ВМКБ Шодихон Ҷамшед зимни табрики кормандони Раёсати адлияи вилоят ба хотири соҳиби бинои зебову барҳаво ва дорои тамоми шароити маъмурию маишӣ шудан баён дошт. Ҳамзамон изҳори умед карда шуд, ки баъд аз ин онҳо ба ҳар як дархости сокинони вилоят сари вақт ва ба таври комил посух хоҳанд дод.

Таҳкурсии бинои Раёсати адлияи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон моҳи майи соли гузашта гузошта шуд. Барои бунёди ин бино Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон 3 миллиону 250 ҳазор сомонӣ ҷудо кард.

Сохтмонро бинокорони Ҷамъияти масъулияташ маҳдуди «Хуҷаназар» ба уҳда гирифта, мутобиқи нақша дар давоми каме бештар аз як сол онро ба истифода доданд. Бино аз таҳхона, 40 утоқи корӣ ва маҷлисгоҳ иборат аст.

Сардори Раёсати адлияи вилоят Зиёратшо Ғайратшоҳзода гуфт, ки “то ба имрӯз сохторҳои раёсати адлия,  ба мисли идораи нотариалӣ, иҷрочиёни судӣ, бюрои ҳуқуқӣ, филиали Маркази ҷумҳуриявии экспертизаи судӣ  дар маҳаллаҳои гуногуни шаҳр фаъолият доштанд. Аз ин рӯ ниёзмандон барои пайдо кардани онҳо вақти зиёд масраф мекарданд”.

Ноябрь 20, 2017 11:43

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад