Дар «Наврӯзгоҳ»-и Душанбе мусобиқаи кушоди пойгаи аспдавонӣ баргузор мегардад
ДУШАНБЕ, 02.11.2017 /АМИТ «Ховар»/. 5 ноябри соли 2017, соати 15:00 дар Муассисаи давлатии «Наврӯзгоҳ»-и шаҳри Душанбе мусобиқаи кушоди пойгаи аспдавонӣ баргузор мегардад. Муссобиқа ба ҷашни 23 –юмин солгарди Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва рушду равнақи варзиш, таъмини оммавияти варзишу солимгардонӣ, фароҳам овардани имконоти фароғату истироҳати сокинони пойтахт ва ташвиқу тарғиби пойгаи аспдавонӣ дар ҷумҳурӣ бахшида шудааст.
Тавре аз Раёсати иттилоот ва робитаҳои хориҷии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, дар робита ба ин қарори Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ ба тасвиб расид. Тибқи қарори мазкур масъулин ҷиҳати андешидани тадбирҳои зарурӣ барои даъвату ҷалби беҳтарин аспсаворон, корхонаҳои асппарварии ҷумҳурӣ ва ташкили барномаи фарҳангӣ бо ҷалби ҳунармандони беҳтарин дар ҷойи баргузории мусобиқа вазифадор гардидаанд.








Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар мавзуи «Асосҳои конститутсионии муқовимат ба коррупсия» ҳамоиш доир шуд
Дар Душанбе оид ба таҳияи нақшаи чорабиниҳои 40-солагии истиқлолияти давлатӣ ҷаласаи гурӯҳи корӣ доир шуд
31 ОКТЯБР — РӮЗИ ҶАҲОНИИ ШАҲРҲО. Дар хиёбони Саъдии Шерозии Душанбе 3 эстакадаи дусатҳа бунёд мегардад
Шаҳри Душанбе бо ба даст овардани 65 ҷой ғолиби Озмуни ҷумҳуриявии «Илм – фурӯғи маърифат» гардид
Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Рустами Эмомалӣ дар кӯчаи Абдулаҳад Қаҳҳорови ноҳияи Фирдавсии пойтахт бо гузоштани санги асос ба сохтмони 3 эстакада ва як пул оғоз бахшиданд
Бо мақсад рушди ҳамкории сайёҳӣ ҳайати шаҳри Душанбе ба музофоти Хайнани Чин сафар намуд
Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Дарвоз аз маҷмааи сайëҳию истироҳатии «Чорчаман» дидан намуданд
Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Дарвоз варзишгоҳи болопӯшидаи «Нури Модар Арена», майдони хурди футбол ва ҳавзи шиновариро мавриди истифода қарор доданд
Рустами Эмомалӣ дар деҳоти Қалъаи Хумби ноҳияи Дарвоз бо фаъолияти комплекси сайёҳии «ЗЕВ-С» ва намоишгоҳи ҳунарҳои мардумӣ шинос шуданд
Рустами Эмомалӣ бо сафари корӣ ба ноҳияи Дарвози Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ташриф оварданд
Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор мегардад






