Дар ноҳияи Ҷомӣ барои занони хонанишин коргоҳи дӯзандагӣ ташкил шуд

Ноябрь 23, 2017 15:00

ДУШАНБЕ, 23.11.2017 /АМИТ «Ховар»/.  Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Сафорати Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои  занони хонанишин ва аз оилаҳои камбизоати ноҳияи Абдураҳмони Ҷомии вилояти Хатлон коргоҳи  дӯзандагӣ ба истифода доданд. Дар ин бора ба мухбири АМИТ «Ховар» аз Кумитаи мазкур хабар доданд.

Бино ба иттилои манбаъ,   мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани коргоҳи дӯзандагӣ дар ноҳия баҳри  беҳбудӣ бахшидан ба сатҳи зиндагии иқтисодиву иҷтимоии занону бонувон равона гардида,   он дар доираи ҳамкории мутақобилан судманди ду кишвари ба ҳам дӯст- Тоҷикистону Чин сурат гирифт.

Раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Идигул Қосимзода    бо зикри назаррас будани иштирок ва нақши муассири занону бонувон дар пешбурди фаъолияти соҳаҳои мухталифи хоҷагии мамлакат иброз намуд, ки ҳадафи ҳар ду ҷониб тақвияти ҳамкории тарафайн, мусоидат ба шуғли занону духтарон ва баланд бардоштани сатҳи некӯаҳволии бонувон мебошад.

Сафири Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Юе Бин  аз ҳамкории судманди кишварҳо изҳори қаноатмандӣ намуда, зикр намуд, ки минбаъд низ барои густариши ҳамкорӣ дар самти дастгирии занону бонувон  мусоидат менамояд.

Ноябрь 23, 2017 15:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад