Дар ноҳияи Рашт таҷҳизоти инноватсионии тибби фосилавӣ ба истифода дода шуд
ДУШАНБЕ, 21.11.2017 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Маркази минтақавии мубориза бар зидди бемории сили ноҳияи Рашт бо ташаббуси Барномаи USAID оид ба мубориза бар зидди бемории сил маросими ифтитоҳ ва ба истифода додани таҷҳизоти инноватсионии тибби фосилавӣ доир гардид. Дар ин бора корманди Маркази ҷумҳуриявии ташаккули тарзи ҳаёти солими Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Мусо Абдуқаҳҳоров хабар дод.
Ба иттилои манбаъ, таҷҳизоти инноватсионии тибби фосилавӣ таҷҳизотест, ки тариқи видеоконфронс ва технологияи иттилоотӣ кормандони тиб ва силшиносонро аз тамоми минтақаҳои Тоҷикистон ба ҳам мепайвандад ва ба онҳо имкони мубодилаи таҷрибаро фароҳам меорад.
Ба гуфти сартабиби ноҳияи Рашт Алимаҳмад Солеҳов, чунин таҷҳизот барои анҷоми ташхиси дурусту саривақтӣ бисёр муҳим буда, силшиносон акнун метавонанд бо Маркази омӯзишии беморхонаи «Мачитон» пайваст шуда, тариқи онлайн машварат ва маслиҳатҳои муфид гиранд.
«Пеш аз фароҳам овардани чунин таҷҳизоти инноватсионии тибби фосилавӣ, кормандони тиб ва силшиносонро зарур буд садҳо километр роҳро аз ноҳияҳои дурдасти минтақаи Рашт тай намуда, ба пойтахти ҷумҳурӣ барои омӯзиши тиббӣ раванд. Ҳоло бо пайваст намудани ин таҷҳизоти замонавӣ дар кӯтоҳтарин вақт мо бо мутахассисони ҷумҳуриявӣ пайваст шуда, аз онҳо дар мавриди бемориҳои сил маслиҳатҳо мегирем»,- гуфт А.Солеҳов.
Бояд зикр намуд, ки ҳоло бо ташаббуси Барномаи USAID оид ба мубориза бар зидди бемории сил дар панҷ минтақаи Ҷумҳурии Тоҷикистон чунин таҷҳизот насб гардида, байни ҳам пайваст мебошанд. Дар назар аст, ки тариқи чунин дастгоҳ мутахассисон дар мавриди дигар бемориҳо низ табодули таҷриба кунанд.








Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ мизи гирд баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст
Дар шаҳри Хоруғ мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар минтақаи доманакӯҳии атрофи маҳаллаи Зарафшон ниҳолҳои мевадиҳанда шинонида шуданд
«ҲАР ОН КАС, КИ «ШОҲНОМА»-ХОНӢ КУНАД…». Дар Осорхонаи миллӣ маҳфили «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид
Ҳамёни рақамӣ дар «МегаФон Life» боз ҳам мувофиқтар шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борони бошиддат меборад
Дар ноҳияи Роштқалъа корҳои биотехникӣ идома доранд
Дар Ҳисор муоинаи техникаҳои кишоварзӣ ва омодагии онҳо ба мавсими кишт гузаронида шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад






