Дар ноҳияи Тоҷикобод Рӯзи милитсия ботантана таҷлил гардид
ТОҶИКОБОД, 08.11.2017 /АМИТ «Ховар»/. Дирӯз дар ноҳияи Тоҷикобод бо иштироки раиси ноҳия, командони шуъбаи Вазорати корҳои дохилӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, собиқадорони милитсия ва ҷавонону роҳбарони ташкилоту муассисаҳои ноҳия иди касбии кормандони Вазорати корҳои дохилӣ — Рӯзи милитсия ботантана таҷлил гардид. Дар ин бора раиси дастгоҳи ноҳияи Тоҷикобод Тоир Устоев ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ дод.
Дар ҷамъомад раиси ноҳия Нодираи Маҳмадисо иброз намуд, ки «мақомоти корҳои дохилӣ дар ҳифзи ҳуқуқу тартиботи ҷамъиятӣ, таъмини амнияти ҷомеа ва таҳкими оромиву суботи кишвар нақш ва мавқеи хосса доранд. Ҳайати шахсӣ ва кормандони ин мақомот ҳамчун ҳомиёни боэътимоди давлат ва ҷомеа бо матонату шуҷоат ва далериву мардонагӣ дар пойдории давлатдории навини тоҷикон нақши асосӣ гузоштаанд. Барои мисол, роҳбарии ин ниҳодро дар ноҳияи Тоҷикобод дар давраҳои душвортарин Аҳлиддин Ҳашаров ва Саймухтор Муллоҷонов ба уҳда доштанд. Онҳо дар тӯли 26 сол дар якҷоягӣ бо кормандони шуъба роҳи тӯлонӣ ва пур аз корнамоию шуҷоатро тай намуданд, ки номи ин родмардон ҳаргиз аз хотираи насли имрӯз ва оянда фаромӯш нахоҳад шуд».
Дар хатми ҷамъомад мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ба 8 оилаи фарзандони ятими собиқ кормандони шуъбаи корҳои дохилии ноҳия, ки зимни адои хизмат фавтидаанд ва ба як зумра кормандони пешқадаму собиқадори ин ниҳод барои корнамоӣ ва садоқатмандона иҷро намудани вазифаи хизматӣ ифтихорнамаҳо ва туҳфаҳои пулӣ супориданд.








Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад






