Дар Пекин Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистонро таҷлил намуданд
ДУШАНБЕ, 08.11.2017./АМИТ «Ховар»/. 7 ноябр дар Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Мардумии Чин бо иштироки дӯстони кишвари мо – собиқ сафирони Чин дар Тоҷикистон ва дипломатҳои собиқадори Чин, инчунин донишҷуёни тоҷик ва кормандони Сафорат Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷашн гирифта шуд.Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Сафорати ҶТ дар ҶМЧ хабар доданд.
Дар рафти чорабинӣ Сафири Тоҷикистон Парвиз Давлатзода аз таърих ва раванди қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳадафу вазифаҳои гузошташуда, саҳми он дар пешрафт ва дастовардҳои кишвар, аз ҷумла комёбиҳо дар самти сиёсати хориҷӣ, хусусан ташаббусҳои байналмилалии Тоҷикистон дар соҳаи об, инчунин оид ба муносибатҳои батадриҷ рушдкунандаи дуҷониба миёни Тоҷикистон ва Чин сухан гуфта, ҳозиринро ба ифтихори ин санаи ҷашнӣ табрик намуд.
Донишҷуёни тоҷик ва собиқадорони дипломатияи Чин низ дар суҳбат фаъолона иштирок намуда, фикру таассуроти худро нисбат ба қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва саҳми он дар рушди кишвар иброз доштанд.









Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад






