Дар Вазорати корҳои хориҷӣ муносибатҳои дуҷониба ва бисёрҷонибаи Тоҷикистону Франсия баррасӣ шуданд
ДУШАНБЕ, 23.11.2017 /АМИТ «Ховар»/. 23 ноябри соли 2017 дар ҳошияи иштирок дар машваратҳои сиёсии байниидоравӣ миёни Тоҷикистон ва Франсия вохӯрии Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷидин Аслов бо роҳбари ҳайати Франсия, директори Департаменти Аврупои Континенталии Вазорати умури Аврупо ва корҳои хориҷии Ҷумҳурии Франсия хонум Флоранс Манжан барпо гардид. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Зимни мулоқот як қатор масъалаҳои рӯзномаи муносибатҳои дуҷониба ва бисёрҷонибаи Тоҷикистону Франсия муҳокима гардиданд. Ҳавасмандии ҷонибҳо дар таҳкиму тақвияти минбаъдаи муколамаи сиёсӣ ва муносибатҳои иқтисодию тиҷоратӣ, равобити ду кишвар дар соҳаҳои маориф, фарҳанг ва илм таъкид гардид. Дар ин радиф, ҷонибҳо аз баргузории даври дуюми машваратҳои сиёсии байниидоравӣ миёни Тоҷикистон ва Франсия истиқбол намуданд.
Мусоҳибон инчунин дар атрофи мавзӯъҳои ҳамкории минтақавӣ ва байналмилалии ду кишвар мубодилаи афкор намуданд.
Дар вохӯрӣ ҳамчунин Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Франсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон хонум Ясмин Гуедар ҳузур дошт.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад






