Диққат! РБДА ВКД хотиррасон менамояд, ки барои ивази шаҳодатномаҳои ронандагӣ 3 рӯз монд

Ноябрь 28, 2017 11:39

ДУШАНБЕ, 28.11.2017 /АМИТ «Ховар»/. Раёсати Бозрасии давлатии автомобилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ронандагони воситаи нақлиёт хотиррасон менамояд, ки барои иваз намудани шаҳодатномаҳои ронандагии намунаи кӯҳна ва рақамҳои қайди давлатии ғайристандартӣ ба шаҳодатномаи ронандагии биометрӣ ва рақами қайди давлатии мутобиқ ба стандарти муқарраршудаи давлатӣ 3 рӯз боқӣ мондааст.

Бинобар ин БДА ВКД ба ронандагон тавсия медиҳад, ки то 1 декабри соли ҷорӣ ҳуҷҷатҳои худро  иваз намоянд.

Барои иваз намудани шаҳодатномаи ронандагӣ нусхаи шиноснома, шаҳодатномаи ронандагӣ, маълумотномаи тиббӣ ва барои ивази рақами давлатӣ шиносномаи шахсӣ, шаҳодатномаи бақайдгирии воситаи нақлиёт ва рақами қайди давлатӣ ба воҳидҳои бақайдгирию имтиҳонотии БДА-и маҳалли ҷойи зист пешниҳод карда мешаванд.

Тибқи нархномаи хизматрасониҳо, ки бо Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқа карда шудааст, нархи ивази шаҳодатномаи ронандагӣ ва аломати қайди давлатии воситаи нақлиёт чунин аст:

Барои ивази шаҳодатномаи ронандагӣ

— бланкаи шаҳодатнома — 248 сомонӣ;

— талони қайди қоидавайронкунӣ -19 сомонӣ;

— маълумотномаи тиббӣ — 70 сомонӣ.

Ҷамъ-337 сомонӣ.

Барои ивази рақами қайди давлатӣ

— рақами қайди давлатӣ — 210 сомонӣ;

— шаҳодатномаи бақайдгирии воситаи нақлиёт — 210 сомонӣ;

— азназаргузаронии воситаи нақлиёт — 6 сомонӣ.

Ҷамъ — 426 сомонӣ.

Бояд зикр намуд, ки тибқи талаботи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2-юми марти соли 2013 «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қарори Ҳукумати ҷумҳурӣ шаҳодатномаҳои ронандагие, ки расми соҳиби он дар муҳлати 10 соли тақвимӣ иваз карда нашудааст, беэътибор дониста, ҳар як далели идора кардани воситаҳои нақлиёт бо шаҳодатномаи ронандагии беэътибордонисташуда, воситаи нақлиёт бе гирифтани шаҳодатномаи ронандагӣ тибқи тартиби муқарраргардида боздошт ва ронанда мутобиқи моддаи 338 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарии маъмурӣ ҷалб карда мешавад. Барои идора кардани воситаҳои нақлиёт бо рақами қайди давлатӣ, ки ба намунаи стандарти муқарраршудаи давлатӣ мувофиқат намекунад, нисбат ба ронанда муҷозоти дар моддаи 314 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинишуда татбиқ карда мешавад.

Шаҳрвандон барои гирифтани маълумоти иловагӣ метавонанд бо телефонҳои 235-05-12, 235-04-23 ва 235-79-29 муроҷиат намоянд.

Ноябрь 28, 2017 11:39

Хабарҳои дигари ин бахш

НИШОНИ ҶАВОНМАРДӢ. Дар ҳошияи асари сиёсатшинос, сиёсатмадор, олим ва адиби нуктасанҷ Саймумин Ятимов
Дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон оид ба татбиқи технологияҳои рақамӣ дар низоми логистикӣ машварат доир гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии ҳарбӣ- варзишии «Ватанпарвар» доир гардид
«Одамон. Идеяҳо. Ҳаракат». Дар Душанбе нахустин форуми таҷрибаҳои идоракунӣ баргузор шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар аст
ТАЪСИРИ ШАБАКАҲОИ ИҶТИМОӢ БА РУҲИЯИ КӮДАКОН. Ва ё «оҳанро дар гармияш бояд кӯфт»
Соли 2025 шаҳрвандон ва соҳибкорон беш аз 6 миллион амалиёти ғайринақдиро анҷом доданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво тағйирёбандаи бебориш мешавад
ҒИЗОИ СОЛИМ. Чӣ тавр аз лӯбиё таом ва ё хӯриш омода намоем?
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар аст
ФУТБОЛ. Дастаҳои асосӣ ва ҷавонони «Вахш» бо медалҳои нуқра ва биринҷӣ мукофотонида шуданд