ДУШАНБЕ ВА АШҚОБОД АҲДИ БАРОДАРӢ БАСТАНД. Санади дахлдор дар ин бора ан ҷониби раисони ду шаҳр имрӯз ба имзо расид

Ноябрь 2, 2017 16:49

ДУШАНБЕ, 02.11.2017 /АМИТ «Ховар»/. Созишнома байни Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва Ҳокимияти шаҳри Ашқобод дар бораи барпо намудани муносибатҳои бародаршаҳрӣ байни шаҳрҳои Душанбе ва Ашқобод яке аз 13 санади нави ҳамкорӣ миёни Тоҷикистону Туркманистон аст, ки имрӯз пас аз анҷоми мулоқоту музокироти расмӣ ба имзо расид. Созишномаи мазкурро раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ ва раиси шаҳри Ашқобод Шамуҳаммет Дурдилиев ба имзо расониданд.

Хотиррасон мекунем, ки дар айни замон Душанбе — пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо 15 шаҳр дар давлатҳои Осиё, Аврупо, Амрико, Африқо ва ИДМ аҳди бародарӣ бастааст.
Байни шаҳри Душанбе ва шаҳрҳои Лусакаи Замбия (соли 1989), Санъои Ҷумҳурии Яман (соли 1988), Монастири Тунис ( соли 1967), Лаҳори Ҷумҳурии Исломии Покистон (соли 1976) Клагенфурти Ҷумҳурии Австрия (соли 1989), шаҳри Боулдери ИМА ( соли 1987) Ройтлингени Олмон (соли 1991), Мазори Шарифи Ҷумҳурии Исломии Афғонистон (соли 1991), Теҳрони Ҷумҳурии Исломии Эрон (соли 1995) ва Шерози Ҷумҳурии Исломии Эрон (соли 1992) Созишнома дар бораи ҳамкорӣ ва паймони бародаршаҳрӣ ба имзо расидааст.
Бо шаҳри Санкт-Петербурги Федератсияи Россия соли 1991 ва бо шаҳри Мински Ҷумҳурии Беларус соли 1998 Шартнома дар бораи паймони бародаршаҳрии Душанбе баста шудааст.
Созишнома оид ба барқарор намудани робитаҳои бародаршаҳрӣ байни шаҳрҳои Душанбе ва Урумчии Ҷумҳурии Мардумии Чин соли 1999 ва соли 2003 Декларатсияи муштарак дар бораи бародаршаҳрӣ ва Созишнома дар бораи ҳамкории тиҷоратӣ-иқтисодӣ, илмӣ-техникӣ ва фарҳангӣ байни Ҳукумати шаҳри Душанбе ва Мунитсипалитети шаҳри Анқара ба имзо расидааст.

Соли 2013 Ёддошти тафоҳум дар бораи барқарор намудани муносибатҳои бародаршаҳрӣ байни шаҳрҳои Душанбе ва Сямэни Ҷумҳурии Мардумии Чин ва Созишномаи байни Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбеи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Халқии шаҳри Сямэни Ҷумҳурии Мардумии Чин дар бораи ҳамкории тиҷоратӣ-иқтисодӣ ба имзо расидаанд.

Ноябрь 2, 2017 16:49

Хабарҳои дигари ин бахш

«ЗЕБИ ЧАКАНУ АТЛАС, ЗЕБОСАНАМИ ТОҶИК». Бо мақсади муаррифии либоси миллӣ дар пойтахт иқдом амалӣ мешавад
Дар Душанбе рӯзҳои фарҳанги вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои кишвар баргузор мегарданд
РӮЗИ ДАЪВАТШАВАНДА. Дар Душанбе бахшида ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш доир шуд
«DUSHANBE NAVRUZ FEST». Дар Душанбе чорабинии фарҳангӣ-фароғатӣ баргузор мешавад
Соли 2025 дар Душанбе 63 корхонаю коргоҳи истеҳсолӣ таъсис дода шуд
Дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе 48 маркази касбомӯзӣ фаъолият менамояд
Имрӯз дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатии Душанбе барномаҳои рангини фарҳангӣ баргузор мешаванд
Субҳи имрӯз «Корвони наврӯзӣ» ба сокинону меҳмонони пойтахт навиди фарорасии баҳорро расонид
Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» баргузор мегардад
Наврӯз ҳамчун бренди миллӣ ва абзори «дипломатияи фарҳангӣ»: натиҷаҳо ва дурнамои Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ»
МУЖДАИ ФАРОРАСИИ БАҲОР. Онро корвони наврӯзӣ тавассути чор дарвозаи пойтахт ба сокинон мерасонад
Имрӯз иҷлосияи панҷуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум доир шуд