«Эксим Бонк»-и Ҳиндустон ҳамкориро бо бонкҳои Тоҷикистон дар сатҳи сифатан нав ба роҳ мемонад

Ноябрь 23, 2017 09:56

ДУШАНБЕ, 23.11.2017 /АМИТ «Ховар»/.  «Эксим Бонк»-и Ҳиндустон дар баробари таҳкими рушди тиҷорат бо Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин омода аст ҳамкориро бо бонкҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сатҳи сифатан нав ба роҳ монад. Ин нукта дар вохӯрии муовини раиси Бонки миллии Тоҷикистон Сироҷиддин Икромӣ бо ҳайати «Эксим Бонк»-и Ҳиндустон таҳти роҳбарии директори генералӣ Равиндранат С.П. Менон иброз гардид.

Тавре аз Бонки миллии Тоҷикистон хабар доданд, дар ҷараёни вохӯрӣ муовини раиси Бонки миллии Тоҷикистон Сироҷиддин Икромӣ диққати иштирокчиёнро  ба вазъи низоми бонкӣ, сохтори ташкилӣ, татбиқи ислоҳот дар соҳа, татбиқи сиёсати босамари пулию қарзӣ, аз ҷумла, гузариш аз ҳадафгирии монетарӣ ба ҳадафгирии таваррум, ба роҳ мондани амалиёти нав (своп), таъсиси кумитаи суботи молиявӣ, сатҳи меъёри фоизӣ барои қарзҳо ва амонатҳо, тартиби маблағгузорӣ ва хизматрасонӣ дар бонкҳои тиҷоратӣ ҷалб намуд.

Равиндранат С.П. Менон изҳор дошт, ки «Эксим Бонк»-и Ҳиндустон ҳамкориро бо бонкҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сатҳи сифатан нав ба роҳ монда, барои фароҳам овардани фазои хуби сармоягузорӣ ва дастгирии низоми бонкӣ мусоидат менамояд. Аз ин рӯ, Равиндранат С.П. Менон бонкҳои тиҷоратии ҶСП «Спитамен Бонк» ва ҶСК «Ориёнбонк»-ро барои ҳамкорӣ мавриди омӯзиш қарор дода, дар оянда барои маблағгузорӣ ба яке аз ин бонкҳо ҷиҳати дастгирии истеҳсолот, аз ҷумла, истеҳсолоти ватанӣ ва ширкатҳои Ҳиндустон, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият доранд, изҳори таваҷҷуҳ намуд.

Маврид ба зикр аст, ки «Эксим Бонк»-и Ҳиндустон соли 1982 бо дастгирии Ҳукумати Ҳиндустон ташкил ёфта, аз замони ташкил то ба имрӯз дар самти рушди иқтисодиёт ва дастгирии тиҷорати хурду миёна, дар шакли воридоти таҷҳизоти техникӣ, тақвияти содироти маҳсулот, хизматрасонии логистикӣ ва сармоягузорӣ дар кишварҳои хориҷӣ фаъолият дорад.   «Эксим Бонк» вобаста ба қарзҳои харидорӣ, бонкдории корпоративӣ, хатти қарзӣ, сармоягузории молиявии хориҷӣ ва маблағгузории лоиҳавӣ барномаҳои мушаххас пешниҳод менамояд.

Ноябрь 23, 2017 09:56

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад