Германия ният дорад, ки дар татбиқи лоиҳаи НБО «Себзор» иштирок намояд-натиҷаи гуфтушуниди машварати байниҳукуматӣ дар Душанбе

Ноябрь 15, 2017 16:25

ДУШАНБЕ, 15.11.2017 /АМИТ «Ховар»/. Германия ният дорад, ки дар татбиқи лоиҳаи НБО «Себзор» иштирок карда, ҳамзамон самтҳои асосии тандурустӣ, бахшҳои молия, энергетика, таълимоти касбӣ ва рушди инноватсиониро дастгирӣ намояд.

Ин тасмим яке аз натиҷаҳои муваффақи Машварат оид ба масъалаҳои ҳамкории молиявӣ ва техникӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Германия дар самти энергетика ба ҳисоб меравад, ки имрӯз дар Вазорати рушди иқтисод ва савдои кишвар баргузор гардид.

Машварати байниҳукуматӣ бо ширкати намояндагони Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Федеролии Германия оид ба масъалаҳои ҳамкории молиявӣ  ва техникӣ, ҳамчунин бо мақсади рушди муносибатҳо байни ду кишвар, баррасии муштараки ҳамкории ҷорӣ ва омодакунии гуфтушунидҳои байниҳукуматӣ оид ба ҳамкорӣ барои солҳои 2018-2019, ки баргузории он соли 2018 пешбинӣ мегардад, доир гардид.

Ҳайати Германияро Катрин Оллерс, сардори шуъбаи «Осиёи Марказӣ, Осиёи Шарқӣ, Лаос ва Камбодҷаи Вазорати федеролии ҳамкориии иқтисодӣ ва рушд (BMZ) ва ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистонро муовини якуми Вазири рушди иқтисод ва савдо Завқӣ Завқизода роҳбарӣ намуданд.

Ҳайатҳои ҳарду кишвар масъалаҳои ҷорӣ ва дурнамои ҳамкориро муҳокима намуда, изҳор доштанд, ки самти асосии ҳамкории онҳо дар оянда соҳаи «Рушди устувори иқтисодиёт» хоҳад буд.

Дар ҷараёни машварат масъалаҳои вобаста ба лоиҳаҳои татбиқшаванда, ки аз ҷониби Ҳукумати Германия маблағузорӣ мешаванд, аз ҷумла, таъмир ва таҷдиди дармонгоҳҳои бемориҳои сил ва сохтмони дармонгоҳи кӯдаконаи бемории сил дар Мачитон, беҳтаркунии хизматрасонии тиббӣ  ба занони ҳомила ва кӯдакони навзод, беҳтар намудани ёрии таъҷилии тиббӣ, сохтмони мактабҳои нав дар вилояти Хатлон ва ноҳияи Рашт, ҳамчунин барқарор намудани инфрасохтори коммуналӣ баррасӣ гардиданд.

Аз рӯи натиҷаҳои машварат санади дахлдор ба имзо расонида шуд.

 

 

Ноябрь 15, 2017 16:25

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад