Қитъаҳои замини собиқ «Бозори Шоҳмансур» ва атрофи он ба эҳтиёҷоти давлатию ҷамъиятӣ гирифта шуданд

Ноябрь 10, 2017 09:09

ДУШАНБЕ, 10.11.2017 /АМИТ «Ховар»/. Бо мақсади  татбиқи Нақшаи генералии шаҳри Душанбе  моҳе  қабл Корхонаи воҳиди давлатии «Бозори Шоҳмансур»   барҳам дода шуд. Дар ин  замина  қитъаҳои замини ҳудуди бозори собиқ ва  атрофи он, воқеъ  дар кӯчаҳои Н.Муҳаммад, А. Лоҳутӣ ва Х.Деҳлавӣ, ба эҳтиёҷоти давлатию ҷамъиятӣ гирифта  шуда,  ба соҳибмулкон  ҷуброни зарари амволи иншооти бартарафшаванда  пардохт мегардад.

Тавре аз Раёсати иттилоот ва робитаҳои хориҷии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе ба АМИТ «Ховар» хабар доданд,  дар асоси қарори Раиси шаҳр  ҳуқуқи истифодаи қитъаҳои замини мазкур бинобар зарурати эҳтиёҷоти давлатию ҷамъиятӣ қатъ гардонида шуда, қитъаи замин дар масоҳати 4,3 гектар ба фонди заминҳои захиравии шаҳри Душанбе дохил карда шуд.

Муассисаи давлатии «Раёсати сохтмони асосӣ»-и  шаҳри Душанбе,   мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шоҳмансур  бо КВД Пажӯҳишгоҳи илмӣ — тадқиқотӣ ва лоиҳакашии «Душанбешаҳрсоз» ҷиҳати бартарафсозии иншооти  мазкур вазифадор гардидаанд.

 

 

Ноябрь 10, 2017 09:09

Хабарҳои дигари ин бахш

Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар мавзуи «Асосҳои конститутсионии муқовимат ба коррупсия» ҳамоиш доир шуд
Дар Душанбе оид ба таҳияи нақшаи чорабиниҳои 40-солагии истиқлолияти давлатӣ ҷаласаи гурӯҳи корӣ доир шуд
31 ОКТЯБР — РӮЗИ ҶАҲОНИИ ШАҲРҲО. Дар хиёбони Саъдии Шерозии Душанбе 3 эстакадаи дусатҳа бунёд мегардад
Шаҳри Душанбе бо ба даст овардани 65 ҷой ғолиби Озмуни ҷумҳуриявии «Илм – фурӯғи маърифат» гардид
Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Рустами Эмомалӣ дар кӯчаи Абдулаҳад Қаҳҳорови ноҳияи Фирдавсии пойтахт бо гузоштани санги асос ба сохтмони 3 эстакада ва як пул оғоз бахшиданд
Бо мақсад рушди ҳамкории сайёҳӣ ҳайати шаҳри Душанбе ба музофоти Хайнани Чин сафар намуд
Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Дарвоз аз маҷмааи сайëҳию истироҳатии «Чорчаман» дидан намуданд
Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Дарвоз варзишгоҳи болопӯшидаи «Нури Модар Арена», майдони хурди футбол ва ҳавзи шиновариро мавриди истифода қарор доданд
Рустами Эмомалӣ дар деҳоти Қалъаи Хумби ноҳияи Дарвоз бо фаъолияти комплекси сайёҳии «ЗЕВ-С» ва намоишгоҳи ҳунарҳои мардумӣ шинос шуданд
Рустами Эмомалӣ бо сафари корӣ ба ноҳияи Дарвози Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ташриф оварданд
Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор мегардад