«МБГ-2»-и шаҳри Душанбе бинобар сардшавии ҳаво миқдори барқу гармидиҳиро афзун мекунад
ДУШАНБЕ, 02.11.2017./АМИТ «Ховар»/. Рӯзҳои наздик бинобар сардшавии ҳаво Маркази барқу гармидиҳии №2-и шаҳри Душанбе бо мақсади таъмин сохтани саривақтӣ ва босифати истифодабарандагон бо барқу гармӣ иқтидорҳои худро зиёд мекунад. Дар ин бора имрӯз ба АМИТ «Ховар» сардори Маркази матбуоти ШСХК «Барқи тоҷик» Нозирҷон Ёдгорӣ хабар дод.
Нозирҷон Ёдгорӣ иброз дошт, ки Маркази барқу гармидиҳии №2-и шаҳри Душанбе охири моҳи октябри соли равон ба кор шуруъ кард ва дар айни ҳол иқтидори истеҳсолии он ба 240-260 МВт неруи барқ ва 30—35 Гкал/соат гармӣ баробар мебошад.
Гуфта мешавад, ки дар як вақт корҳои омодасозӣ ва пайваст намудани манзили сокинони пойтахт ва идораю муассисаҳо бо гармӣ идома доранд.
Дар назар дошта шудааст, ки рӯз то рӯз вобаста ба тағйирёбии вазъи обу ҳаво иқтидори истьеҳсолии марказ зиёд мегардад.
Ба иттилои Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон, 3 — 5 ноябри соли равон дар ҷумҳурӣ ҳавои номусоид дар назар дошта шуда, минбаъд дар тамоми манотиқи мамлакат пастшавии ҳарорати ҳаво пешгӯӣ карда мешавад.
Хотиррасон менамоем, ки Маркази барқу гармидиҳии №2-и шаҳри Душанбе моҳи декабри соли гузашта Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мавриди истифода қарор доданд. Хишти аввали сохтмони ин иншоот бошад, ки иқтидори пуррааш 300 МВт-ро ташкил медиҳад, аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпин моҳи сентябри соли 2014 гузошта шуда буд.








Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар мавзуи «Асосҳои конститутсионии муқовимат ба коррупсия» ҳамоиш доир шуд
Дар Душанбе оид ба таҳияи нақшаи чорабиниҳои 40-солагии истиқлолияти давлатӣ ҷаласаи гурӯҳи корӣ доир шуд
31 ОКТЯБР — РӮЗИ ҶАҲОНИИ ШАҲРҲО. Дар хиёбони Саъдии Шерозии Душанбе 3 эстакадаи дусатҳа бунёд мегардад
Шаҳри Душанбе бо ба даст овардани 65 ҷой ғолиби Озмуни ҷумҳуриявии «Илм – фурӯғи маърифат» гардид
Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Рустами Эмомалӣ дар кӯчаи Абдулаҳад Қаҳҳорови ноҳияи Фирдавсии пойтахт бо гузоштани санги асос ба сохтмони 3 эстакада ва як пул оғоз бахшиданд
Бо мақсад рушди ҳамкории сайёҳӣ ҳайати шаҳри Душанбе ба музофоти Хайнани Чин сафар намуд
Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Дарвоз аз маҷмааи сайëҳию истироҳатии «Чорчаман» дидан намуданд
Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Дарвоз варзишгоҳи болопӯшидаи «Нури Модар Арена», майдони хурди футбол ва ҳавзи шиновариро мавриди истифода қарор доданд
Рустами Эмомалӣ дар деҳоти Қалъаи Хумби ноҳияи Дарвоз бо фаъолияти комплекси сайёҳии «ЗЕВ-С» ва намоишгоҳи ҳунарҳои мардумӣ шинос шуданд
Рустами Эмомалӣ бо сафари корӣ ба ноҳияи Дарвози Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ташриф оварданд
Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор мегардад






