«Нақши Пешвои миллат дар беҳдошти ҳаёту рӯзгори занон»- ҳамоиш дар Нуробод

Ноябрь 17, 2017 16:03

НУРОБОД, 17.11.2017 /АМИТ «Ховар»/. Дар  ноҳияи Нуробод бахшида ба 25- солагии Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон байни занону бонувони ноҳия таҳти унвони «Нақши Пешвои миллат дар беҳдошти ҳаёту рӯзгори занон» ҳамоиши илмӣ баргузор шуд. Дар ин бора мудири бахши кор бо занон ва  оилаи ноҳияи Нуробод Шаҳнозаи Шукрихудо ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ дод.

Дар ҳамоиш зикр гардид, ки дар даврони собиқ шӯравӣ дар ноҳия танҳо 17 нафар занони соҳибмаълумот дар соҳаҳои хоҷагии халқ кор мекарданд. Ҳоло бо дастгирии бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шумораи занони роҳбар 16 нафар буда, дар соҳаи маориф 98 нафар, роҳбарони хоҷагиҳои деҳқонӣ 28 нафар, занони соҳибкор 25 нафар  ва дар соҳаи тиб 198 нафар бонувон  фаъолият доранд. Инчунин имрӯзҳо 78 нафар духтарони нурободӣ тибқи квотаҳои президентӣ  дар муассисаҳои олии кишвар таҳсили худро  идома дода истодаанд.

Иштирокчиёни  ҷамъомад  иброз намуданд, ки дастгириву ғамхориҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон моро водор менамояд, ки дар оянда низ барои амалӣ гардидани нияту ҳадафҳои созандаи Пешвои миллат содиқона хизмат намоем.

Ноябрь 17, 2017 16:03

Хабарҳои дигари ин бахш

Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст
Дар шаҳри Хоруғ мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар минтақаи доманакӯҳии атрофи маҳаллаи Зарафшон ниҳолҳои мевадиҳанда шинонида шуданд
«ҲАР ОН КАС, КИ «ШОҲНОМА»-ХОНӢ КУНАД…». Дар Осорхонаи миллӣ маҳфили «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид
Ҳамёни рақамӣ дар «МегаФон Life» боз ҳам мувофиқтар шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борони бошиддат меборад
Дар ноҳияи Роштқалъа корҳои биотехникӣ идома доранд
Дар Ҳисор муоинаи техникаҳои кишоварзӣ ва омодагии онҳо ба мавсими кишт гузаронида шуд