Намояндагони Тоҷикистон дар Конференсияи III байналмилалӣ дар шаҳри Хошимин иштирок доранд

Ноябрь 14, 2017 11:30

ДУШАНБЕ, 14.11.2017 /АМИТ «Ховар»/. 13  ноябр дар шаҳри  Хошимини кишвари Ветнам зери унвони  «Рушди ҷамъияти фарогир бо роҳи ҷорӣ кардан ва  тавсеаи барномаҳои тавонбахшӣ дар сатҳи маҳаллӣ,  мушкилот ва дастовардҳо» Конференсияи III байналмилалӣ ба кори худ шурӯъ намуд. Дар ин бора аз Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Бино ба иттилои манбаъ, дар кори  конференсия намояндагони Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон  иштирок доранд.

Зикр гардид, ки  Барномаи «Тавонбахшӣ дар сатҳи маҳал» дар айни замон яке аз воситаҳои муҳими ташаккул ва рушди ҷомеаи фарогир маҳсуб шуда, қариб дар 80 кишвари ҷаҳон амалӣ мегардад.

Маврид ба зикр аст, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз соли 2010 инҷониб барномаҳои тавонбахшӣ дар сатҳи маҳал аз ҷониби баъзе ташкилотҳои ҷамъиятӣ бо дастгирии созмонҳои байналмиллалӣ, аз ҷумла, «Каритас»-и Германия дар самти ташкили кори иҷтимоӣ бо маъюбон, хусусан тавонбахшии кӯдакони маъюб дар якчанд ноҳияҳо амалӣ мегарданд.

Конференсияи III байналмилалӣ то 15 ноябр давом мекунад.

 

 

 

Ноябрь 14, 2017 11:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад