Нашъаҷаллобон бо 81 килограмму 916 грамм воситаҳои нашъадор дастгир гардиданд
ДУШАНБЕ, 25.11.2017 /АМИТ«Ховар»/. Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ кормандони Раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд фаъолияти гурӯҳи муташаккили нашъаҷаллобро дар ҳудуди ин вилоят бо роҳбарии шаҳрванд Шарифов Муҳаммад Шарифович, соли таваллудаш 1976, истиқоматкунандаи ноҳияи Мастчоҳ, ки бо маслиҳати пешакӣ бо ваколатдори калони оперативии ШКҶ ШВКД-и Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд Шарипов Руслан Алимович, соли таваллудаш 1978, сокини шаҳри Хуҷанд ба муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъадор машғул буданд, ошкор намуданд.
Тавре аз Маркази матбуоти Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи ҶТ ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, 22 ноябри соли 2017 номбурдагон зимни муомилоти ғайриқонунии воситаи нашъадор дастгир гардида, аз онҳо ба миқдори 34 килограмму 759 грамм воситаи нашъадори афюн ва 47 килограмму 157 грамм воситаи нашъадори ҳашиш, ки ҷамъи умумии онҳо 81 килограмму 916 граммро ташкил медиҳад, дарёфт ва мусодира карда шуд.
Вобаста ба ҳолати зикргардида нисбат ба Шарифов Муҳаммад Шарифович ва Шарипов Руслан Алимович бо моддаи 200, қисми 4 банди «д»-и Кодекси ҷиноии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишоти пешакӣ идома дорад.








Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад






