Навсозии қисмати поёнии пули роҳи оҳан ва автомобилгарди кӯчаи Моёншо Назаршоев ва Аҳмади Дониш босуръат идома дорад

Ноябрь 23, 2017 15:49

ДУШАНБЕ, 23.11.2017 /АМИТ «Ховар»/. Дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ—Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  корҳои ободию бунёдкорӣ  дар пойтахти кишвар босуръат идома доранд. Моҳи сентябри соли равон  ба муносибати 26-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ пули роҳи оҳан ва автомобилгард, воқеъ дар буриши кӯчаи Моёншо Назаршоев ва Аҳмади Дониши ноҳияи Шоҳмансур пас аз навсозӣ  мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифта буд.

Тибқи лоиҳаи навсозии пули мазкур, ду канори  роҳи  он бо панҷараҳои мунаққаш панҷарабандӣ гардида, тамоми қисмҳои ороишии он бо чароғакҳо зиннат дода шудаанд, ки шомгоҳон ба зебоии шаҳр ҳусни тоза зам мекунанд.

Алҳол дар  қисмати поёнии пули мазкур  корҳои навсозӣ  босуръат  идома доранд. Хабарнигори АМИТ «Ховар» бо ҷараёни кори сохмончиён дар ин мавзеъ  аз наздик шинос шуда, бо масъулини сохтмон ҳамсуҳбат гардид.

Тибқи иттилои масъулин,  қисмати поёнии пули мазкур   ва тамоми аломатҳои бетонии он бо маводи ороишии сатҳӣ рӯйпӯш гардида,  ҳамчунин дар зинапояҳои  ду тарафи роҳи назди пул  корҳои навсозӣ идома доранд. Ҳамзамон ин қисмати пул низ чароғон гардонида мешавад.

Бояд тазаккур дод, ки  сохтмончиён  роҳҳои пиёдагарди ду ҷониби кӯчаи Аҳмади Донишро  бозсозӣ  намуда истодаанд, ки он барои  равуо ва бехатарии роҳгузарон  мувофиқ гардонда шудааст.  Ҳамчунин масъулин иброз доштанд, ки баъди анҷоми корҳои сохтмонӣ шинонидани дарахт ва майсазоркунии атроф шурӯъ мегардад.

Хотиррасон менамоем, ки  пули роҳи оҳан ва автомобилгарди мазкур  аз ҷониби КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон» навсозӣ ва таъмиру тармим гардидааст. Тарҳи наву лоиҳаи навсозии он аз ҷониби ҶДММ «Кул-дизайн» ва ҶДММ «Инвест лоиҳа» таҳия гардида, корҳои сохтмонӣ ва васлу насби қисматҳои он аз ҷониби ҶДММ «Строймет» ва ҶДММ «Машҳад Коло» анҷом дода шудаанд. Маблағи умумии лоиҳа  беш аз як миллиону чорсад ҳазор сомониро ташкил  медиҳад.

Рухсораи НУР

Ноябрь 23, 2017 15:49

Хабарҳои дигари ин бахш

«ЗЕБИ ЧАКАНУ АТЛАС, ЗЕБОСАНАМИ ТОҶИК». Бо мақсади муаррифии либоси миллӣ дар пойтахт иқдом амалӣ мешавад
Дар Душанбе рӯзҳои фарҳанги вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои кишвар баргузор мегарданд
РӮЗИ ДАЪВАТШАВАНДА. Дар Душанбе бахшида ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш доир шуд
«DUSHANBE NAVRUZ FEST». Дар Душанбе чорабинии фарҳангӣ-фароғатӣ баргузор мешавад
Соли 2025 дар Душанбе 63 корхонаю коргоҳи истеҳсолӣ таъсис дода шуд
Дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе 48 маркази касбомӯзӣ фаъолият менамояд
Имрӯз дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатии Душанбе барномаҳои рангини фарҳангӣ баргузор мешаванд
Субҳи имрӯз «Корвони наврӯзӣ» ба сокинону меҳмонони пойтахт навиди фарорасии баҳорро расонид
Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» баргузор мегардад
Наврӯз ҳамчун бренди миллӣ ва абзори «дипломатияи фарҳангӣ»: натиҷаҳо ва дурнамои Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ»
МУЖДАИ ФАРОРАСИИ БАҲОР. Онро корвони наврӯзӣ тавассути чор дарвозаи пойтахт ба сокинон мерасонад
Имрӯз иҷлосияи панҷуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум доир шуд