ОБУ ҲАВО: имрӯз дар қаламрави Тоҷикистон ҳавои абрноки бебориш дар назар дошта шудааст
ДУШАНБЕ, 10.11.2017 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз, 10 ноябр, дар қаламрави Тоҷикистон ҳавои абрноки бебориш дар назар дошта шудааст. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон хабар доданд.
Тибқи маълумоти обуҳавошиносони кишвар, дар вилояти Хатлон ҳавои абрноки бебориш пешбинӣ шуда, шамол аз самти шарқ 2-7 метр дар як сония вазида, ҳарорат дар водиҳо шабона 6-11 ва рӯзона 21-26 дараҷаро ташкил медиҳад.
Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои абрнок ва дар баъзе маҳалҳо борони кӯтоҳмуддат пешбинӣ мегардад. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 0+5 ва рӯзона 15-20 дараҷа гарм мешавад. Дар шарқи ин вилоят шабона 8-13 дараҷа хунук ва рӯзона 2-7 дараҷа гарм мешавад.
Обуҳавошиносон дар вилояти Суғд ҳавои тағйирёбанда ва дар баъзе минтақаҳои кӯҳӣ борони кӯтоҳмуддат пешгӯӣ менамоянд. Вазиши шамол аз самти шарқ ба 4-9 метр дар як сония мерасад. Ҳарорати ҳаво дар водиҳо шабона 4-9 ва рӯзона 16-21 дараҷаро ташкил медиҳад.
Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳавои абрноки бебориш пешбинӣ шуда, шамол аз самти шарқ 5 метр дар як сония мевазад. Ҳарорат дар водиҳо шабона 4-9 ва рӯзона 20-25 дараҷаро ташкил медиҳад.
Дар шаҳри Душанбе ҳавои абрноки бебориш пешгӯӣ шуда, шамол аз самти шарқ 2-7 метр дар як сония мевазад. Ҳаво шабона 3-8 ва рӯзона 19-24 дараҷа гарм мешавад.








Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии ҳарбӣ- варзишии «Ватанпарвар» доир гардид
«Одамон. Идеяҳо. Ҳаракат». Дар Душанбе нахустин форуми таҷрибаҳои идоракунӣ баргузор шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар аст
ТАЪСИРИ ШАБАКАҲОИ ИҶТИМОӢ БА РУҲИЯИ КӮДАКОН. Ва ё «оҳанро дар гармияш бояд кӯфт»
Соли 2025 шаҳрвандон ва соҳибкорон беш аз 6 миллион амалиёти ғайринақдиро анҷом доданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво тағйирёбандаи бебориш мешавад
ҒИЗОИ СОЛИМ. Чӣ тавр аз лӯбиё таом ва ё хӯриш омода намоем?
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар аст
ФУТБОЛ. Дастаҳои асосӣ ва ҷавонони «Вахш» бо медалҳои нуқра ва биринҷӣ мукофотонида шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
ҶАМЪБАСТИ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ. Имрӯз дар якчанд вазорату идора нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Тарофаи мобилӣ – мувофиқи талаботи шахсии шумо






